Қурби доллар дар Маскав аз 66 рубл поинтар шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКурс валют
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Қурби асъори амрикоӣ дар биржаи Маскав барои як муддати кӯтоҳ аз 66 рубл поинтар шуд, ки камтарин нишондод аз моҳи марти соли 2020 то ба ҳол мебошад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Арзиши доллар дар оғози савдо дар биржаи Маскав то ба 65,3 рубл поин рафта, баъдан боз каме боло рафт, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, қурби доллар ба ҳисоби "фардо" дар сатҳи 66,23 рубл ва евро 69,95 рубл қарор гирифтанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози савдо доллар то ба 65,31 рубл коҳиш ёфт, ки камтарин нишондод аз моҳи марти соли 2020 ба ин сӯ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар пасманзари фишорҳои қурбӣ Бонки марказии Русия фурӯши асъори нақдро дар бонкҳо маҳдуд карда буд. Аз 18-уми апрел ба ин сӯ ин маҳдудиятро сабук карданд ва ба бонкҳо иҷозат доданд, он қисмати асъорро фурӯшанд, ки аз 9 апрел ба ин сӯ вориди хазина шудаанд.
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Тоҷикистон нақша дорад, пули барқи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"- ро бо рубл пардохт кунад
Устувории рубл дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба арзиши ин асъор таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо рубл маош мегиранду барои таъминоти хонавода ба Ватан рубл мефиристанд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор - 1 долларро 12.4950 сомонӣ, евро – 13.1885 сомонӣ ва рубли русиро 0.160 сомонӣ муқраррар кардаст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ барои 1 доллари ИМА аз 12.4950 то 12.3000 сомонӣ, евро аз 13.1885 то 13.2000 сомонӣ ва рубли русӣ аз 0.1600 то 0.1615 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0