https://sputnik.tj/20220505/oqibathoi-kharobiovari-sel-dar-tojikiston--1048204173.html
Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон
Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии ҳавошиносӣ қаблан хабар дода буд, ки то рӯзи шаш май ҳавои Тоҷикистон ноустувор ва боронӣ шуда, хатари фаромадани сел зиёд аст
2022-05-05T13:30+0500
2022-05-05T13:30+0500
2022-05-05T15:47+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_af1ae58fb9d75dbf667e943c60a8ae41.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз омадани сели харобиовар дар кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, боронгариҳои ахир боиси омадани сел дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон шудааст. КҲФ мегӯяд, бар асари фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар ноҳияи Восеъ ва Ҳисор зимни омадани сел чандин сар чорвои сокинони маҳаллӣ талаф ёфт.Дар Панҷ бар асари омадани сел як пул хароб шуд. Ин пул Панҷро бо пойтахт пайваст мекард. Ҳамчунин сел ба роҳи миёни ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун низ осеб расондааст.Зимнан дар километри 448-уми шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ, дар наздикии шаҳраки Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сел фаромада, роҳро муваққатан масдуд намудаааст. КҲФ мегӯяд, ин масирро кормандони Вазорати нақлиёт аз лойоба тоза карда, ҳаракати нақлиётро барқарор намуданд.Ҳамчунин боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд гардид. Аз ҷумла роҳи байни деҳаҳои Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент муваққатан масдуд гардид.Манбаъ меафзояд, феълан ин роҳ низ аз сангу лоиқа тоза шудааст.Маврид ба зикр аст, ки КҲФ рӯзи 4 май бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки то рӯзи 6 май ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад ва хатари омадани сел зиёд мегардад.Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказро таҳдид мекунад.Манбаъ афзуда, ки барои пешгирӣ кардан аз оқибатҳои нохуши офатҳои табиӣ кормандони кумита дар ҳамдастӣ бо сокинону намояндагони шаҳру ноҳияҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ҷоннок намудаанд.Зимнан аз сокинон низ дархост шудааст, ки барои роҳ надодан ба вайрониҳо бар асари омадани сел сари вақт ҷӯйборҳои назди хонаву заминҳои киштро тоза кунанд.
https://sputnik.tj/20220505/bahr-tojik-obkhezi-ehtimoli-omoda-1048196864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2091:1568_1920x0_80_0_0_fb83fc5fe47f9c3eb69be2bd63b33536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сел оқибат
Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон
13:30 05.05.2022 (Навсозишуда: 15:47 05.05.2022) Оҷонсии обуҳавошиносӣ қаблан хабар дода буд, ки то рӯзи шашуми май ҳавои Тоҷикистон ноустувор ва боронӣ шуда, хатари фаромадани сел зиёд вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз омадани сели харобиовар дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, боронгариҳои ахир боиси омадани сел дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон шудааст.
КҲФ мегӯяд, бар асари фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар ноҳияи Восеъ ва Ҳисор зимни омадани сел чандин сар чорвои сокинони маҳаллӣ талаф ёфт.
Дар Панҷ бар асари омадани сел як пул хароб шуд. Ин пул Панҷро бо пойтахт пайваст мекард. Ҳамчунин сел ба роҳи миёни ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун низ осеб расондааст.
Зимнан дар километри 448-уми шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ, дар наздикии шаҳраки Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сел фаромада, роҳро муваққатан масдуд намудаааст.
КҲФ мегӯяд, ин масирро кормандони Вазорати нақлиёт аз лойоба тоза карда, ҳаракати нақлиётро барқарор намуданд.
Ҳамчунин боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд гардид. Аз ҷумла роҳи байни деҳаҳои Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент муваққатан масдуд гардид.
Манбаъ меафзояд, феълан ин роҳ низ аз сангу лоиқа тоза шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки КҲФ рӯзи 4 май бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки то рӯзи 6 май ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад ва хатари омадани сел зиёд мегардад.
Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказро таҳдид мекунад.
Манбаъ афзуда, ки барои пешгирӣ кардан аз оқибатҳои нохуши офатҳои табиӣ кормандони кумита дар ҳамдастӣ бо сокинону намояндагони шаҳру ноҳияҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ҷоннок намудаанд.
Зимнан аз сокинон низ дархост шудааст, ки барои роҳ надодан ба вайрониҳо бар асари омадани сел сари вақт ҷӯйборҳои назди хонаву заминҳои киштро тоза кунанд.