https://sputnik.tj/20220505/namoyandagon-shirkat-sayyohi-uzbekiston-vorid-tojikiston-1048212647.html
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Сафари намояндагони Ӯзбекистон дар асоси созишномаи дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо шиносоӣ бо ҷойҳои сайёҳӣ гуфта мешавад
2022-05-05T17:25+0500
2022-05-05T17:25+0500
2022-05-05T18:33+0500
дар тоҷикистон
суғд
ӯзбекистон
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_0:83:1596:981_1920x0_80_0_0_67d1ea1a85be3fa05240c963341f43cc.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омаданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод.Ба иттилои манбаъ. намояндагони ширкатҳои сайёҳиро масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намудаанд.Гуфта мешавад, масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод ба вилоят ворид гардиданд ва онҳоро масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.Зикр гардид, ки сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳмики робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.Сафари меҳмонони ӯзбекистонӣ дар вилояти Суғд то 7 май идома меёбад.Интизор меравад, онҳо аз бозори "Панҷшанбе", масҷиди марказии "Шайх Маслиҳиддин", осоишгоҳҳои "Шифо", "Баҳористон", Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", Қалъаи Муғ, маҷмаии таърихии "Сари мазор", Панҷакенти Қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии "Саразм" ва дигар зерсохтҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд.Қаблан мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор карда буданд, ки аз тариқи роҳи оҳан хатсайри сайёҳӣ роҳандозӣ мекунанд.Интизор меравад, хатсайри сайёҳии ҷадид бо воситаи қатор аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе, Самарқанд, Бухоро ва Қаршӣ убур кунад.
https://sputnik.tj/20220302/sayyohi-qator-miyoni-tojikiston-uzbekiston-1046440322.html
суғд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_89:0:1508:1064_1920x0_80_0_0_555151e41d6c7b496fb943d6f3eac534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ӯзбекистон сайёҳӣ
тоҷикистон ӯзбекистон сайёҳӣ
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд
17:25 05.05.2022 (Навсозишуда: 18:33 05.05.2022) Сафари намояндагони Ӯзбекистон дар асоси созишномаи дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз он шиносоӣ бо ҷойҳои сайёҳии кишвар гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омаданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ. намояндагони ширкатҳои сайёҳиро масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намудаанд.
Гуфта мешавад, масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод ба вилоят ворид гардиданд ва онҳоро масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Зикр гардид, ки сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳмики робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.
Сафари меҳмонони ӯзбекистонӣ дар вилояти Суғд то 7 май идома меёбад.
Интизор меравад, онҳо аз бозори "Панҷшанбе", масҷиди марказии "Шайх Маслиҳиддин", осоишгоҳҳои "Шифо", "Баҳористон", Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", Қалъаи Муғ, маҷмаии таърихии "Сари мазор", Панҷакенти Қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии "Саразм" ва дигар зерсохтҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор карда буданд, ки аз тариқи роҳи оҳан хатсайри сайёҳӣ роҳандозӣ мекунанд.
Интизор меравад, хатсайри сайёҳии ҷадид бо воситаи қатор аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе, Самарқанд, Бухоро ва Қаршӣ убур кунад.