СЗФ-и Амрико барои коҳиши таварруми бесобиқа дар 40 соли гузашта чӣ кор хоҳад кард?

© Sputnik / Алексей ВитвицкийФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меъёри бозтамвил ба 0,7-1,0% расонда шуд. Ин кишварро нархҳои рекордӣ маҷбур кард, ки чунин корро анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik, Ирина Бадмаева. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, дар Амрико аз соли 1980 ба ин сӯ ин гуна як иқдоме сурат нагирифта буд. Бензин ва нерӯи барқ киссаҳоро аз пул холӣ хоҳанд кард. Дар бораи он ки оё мақомоти зирабти ин кишвар қодир ба ҷилавгирӣ аз таваррумҳастанд ё на, аз матлаби РИА “Новости” иттилоъ бигиред.

Рӯ ба сууд

Системаи захираи федералии ИМА (FRS) барои бори дуюм пайи ҳам меъёри бозтамвилро боло бурд: фавран ба 50 имтиёзи поя, ки аз моҳи майи соли 2000 ба ин сӯ бори аввал аст, ин ҳолат рӯй медиҳад.
Одатан танзимгари амрикоӣ хеле эҳтиёткор аст, бинобар ин зери тозиёнаи танқид қарор мегирад. Аммо афзоиши таваррум таъсири ҷиддӣ дошт: мувофиқи маълумоти Департаменти меҳнати ИМА, дар моҳи март ба 8,5% расид. Дар моҳи феврал он 7,9% буд. Нархи бензин бештар аз ҳама боло рафт ва хароҷоти нақлиёт зиёд шуд.
Нархи хӯрокҳои фастфуд, ки амрикоиҳо дӯст медоранд, якбора боло рафт. Арзиши барқ ва иҷора низ афзуд.
Талиб на фоне мечети с оружием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҳафт миллиард доллар "ҳадя"-и Амрико ба толибон баъди хуруҷ аз Афғонистон
Президент Ҷо Байден худро сафед мекунад, ки ин ҳама ба асари амалиёти низомии Русия дар Украина ба вуҷуд омадааст. Вай итминон медиҳад, ки "70 дарсади таваррум бинобар афзоиши нархи бензин аз ҷониби Путин эҷод шудааст".
Воқеан, дар ИМА аз соли гузашта қимати молҳо афзоиш ёфт, менависад “The ​​Wall Street Journal”. Ин натиҷаи "хароҷоти аз ҳад зиёди федералӣ ва сиёсати пулию қарзӣ" мебошад.
Системаи захираи федералии ИМА гуфта буд, дар соли 2021 таварруми рекордӣ кӯтоҳмуддат аст. Аммо дар ҳақиқат, онҳо лаҳзаеро, ки чораҳои таъҷилӣ дидан лозим буд, аз даст доданд. "Мо бояд зудтар амал мекардем", - иқрор шуд сардори ин ниҳод Ҷером Пауэлл.
Сусткории ниҳодҳои пулӣ ба афзоиши бекорӣ табдил ёфт: дар моҳи апрел ин мизон ба бештар аз шаш фисад расид. Дар баробари ин дар семоҳаи якум, аз рӯйи маълумоти пешакии Вазорати савдои ин кишвар, ММД кариб яку ним фоиз кам шуд. Владислав Антонов, таҳлилгари молиявии “BitRiver” мегӯяд:
"Натиҷаи афзоиши воридот ва раванди заифи пур кардани захираҳост, ки касри тиҷорат афзоиш ёфтааст. Маҳдудиятҳо дар Чин бинобар сабаби пандемия низ таъсири манфӣ доштанд".
Дар чунин шароит меъёри бозтамвилро баланд бардоштан лозим омад.
Дар натиҷаи савдои рӯзи чоршанбе индексҳои саҳомӣ дар қаламрави мусбат қарор гирифт. Масалан, S&P тақрибан се фоиз афзоиш ёфт. Ҳамсуҳбати РИА “Новости” қайд мекунад, ки ин афзоиш аз қабл дар қимат гунҷонда шуда буд.
Дар муқобили ин доллар дар баробари евро ва йени Ҷопон беш аз 0,65 дарсад заиф шуд.
"Танзимгар сиёсати пулию қарзияшро, ки дар моҳи март оғоз шуда буд, идома медиҳад. Ҷером Пауэлл гуфт, ки дар ҷаласаҳои оянда онҳо афзоиши боз 50 воҳиди пояро ба эҳтимоли зиёд то ду ё се дарсад баррасӣ хоҳанд кард. Сипас онҳо барои арзёбии таъсир ба таваррум таваққуф хоҳанд кард", - мегӯяд Михаил Коган, роҳбари бахши таҳқиқоти таҳлилии Мактаби олии мудирияти молӣ.
Бархе аз таҳлилгарон болоравии 75-воҳидиро истисно намекунанд. Дар роҳбарияти СЗФ ин иқдом ҷонибдор дорад, ки ӯ сардори Бонки федералии захиравӣ Сент-Луис Чеймс Буллард аст. Ӯ даъват мекунад, ки то охири сол меъёри бозтамвил 3-3,25 фоиз зиёд карда шавад.
США и НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Стртегияи нави ИМА ва НАТО дар Украина: “Мо замину осмонро ба ҳам мезанем”
Аммо ин мумкин натиҷа надиҳад, мегӯяд Федор Сидоров, муассиси Мактаби сармоягузории амалӣ. Ба назари ӯ, дар иқтисоди ИМА буҳрон ба амал омада истодааст. Энергетика, маҳсулоти комплекси агросаноатӣ гарон мешавад. Занҷирҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ, ки дар вақти пандемия вайрон шудаанд, ҳанӯз барқарор нашудаанд.
"Барои ҷилавгирӣ аз таваррум ба мо меъёри аз шаш то ҳафт дарсад лозим аст. Аммо амрикоиҳо ин корро карда наметавонанд. Қарзи давлатӣ хеле зиёд аст: аллакай ба 30,4 триллион доллар расидааст. Пардохти фоизҳо ба кредиторони хориҷӣ барои ҳукумат торафт мушкилтар мешавад”, -таъкид мекунад ин коршинос.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи таҳлилгарон, нархҳо минбаъд низ боло хоҳанд рафт. Иқтисодиёти ИМА ба стагфлятсия - афзоиши таваррум ва бекорӣ бо коҳиши ҳамзамони ММД мувоҷеҳ мешавад.

Халосӣ аз пулҳои иловагӣ

Шуруъ аз 1 июн СЗФ инчунин ба фурӯши вомбаргҳои ипотека ва хазинадорӣ ба маблағи мутаносибан 17,5 миллиард ва 30 миллиард доллар оғоз мекунад. Дар тирамоҳ ба 35 ва 60 миллиард расондани он пешбинӣ шудааст.
Дар як сол тавозуни танзимкунанда тақрибан як триллион доллар кам мешавад. Холо он қариб нуҳ триллион аст.
Мақомоти пулию қарзӣ мехоҳанд, пардохтпазирии "иловагӣ"-ро аз бозор хориҷ ва ба ин васила афзоиши нархҳоро коҳиш диҳанд.
Аз моҳи марти соли 2020 ба иқтисодиёт триллионҳо доллар рехт, ки дар давраи пандемия соҳибкоронро ҳавасманд кард.

"Ҳоло СЗФ кӯшиш мекунад, ки "ҳубоб"-и бозори саҳҳомиро, ки боиси таваррум шуд, инфиҷор диҳад. Бояд коғазҳои қиматнокро бодиққат фурӯхт, то боиси дасткашӣ аз вомбаргҳо аз ҷониби фондҳо ва дигар бонкҳои марказӣ нашавад", - мегӯяд Владислав Антонов.

Иқтисоди ҷаҳонӣ то ҳол фурсат наёфтааст, ки аз буҳрони корона раҳо шавад ва ҳоло таҳримҳои шадиди зидди Русия ба оташи амалиёти вижа дар Украина рӯған мерезанд. Нархҳои нафту газ дар сатҳи рекордӣ қарор доранд. Қимати тавлид, нақлиёт ва ниҳоят мол меафзояд. Ва баланд бардоштани меъёри бозтамвил ба гумон аст, ки иқтисоди ин кишварро аз гирдоби мушкилот раҳоӣ бахшад.
Лентаи хабарҳо
0