https://sputnik.tj/20220505/raisi-peshini-sima-peshbini-tolibon-tavonoii-amniyat-1048219425.html
Раиси пешини СИМА: Пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии таъмини амниятро надоранд
Раиси пешини СИМА: Пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии таъмини амниятро надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси пешини истихбороти ИМА бо нигаронии дубораи хушунатҳои ахир дар Афғонистон гуфтааст, ки пешбинӣ шуда буд, толибон тавоноии барқарории амниятро надоранд
2022-05-05T19:20+0500
2022-05-05T19:20+0500
2022-05-05T19:33+0500
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
има
амрико
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434833_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_41b96950beecd44c8578804e1f0c086b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дэвид Петреус, генерали амрикоӣ ва раиси собиқи СИМА (ЦРУ) дар мусоҳибае гуфтааст, далели афзоиши хушунат озодии ҳазорон нафар аз зиндонҳои Афғонистон тавассути толибон аст.Ба бовари вай, бо озодии аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ин гурӯҳҳо дубора муқтадир шудаанд ва ба ҳамалоташон мепардозанд."Ба ёд дошта бошед, мо қаблан ҳарос доштем, ки бо рӯйи кор омадани толибон онҳо тавоноии барқарории амният дар тамоми қаламрави Афғонистонро нахоҳанд дошт. Хушунатҳои ахир ва мунсаҷим шудани гурӯҳҳои мухталиф барои толибон мушкилоти амниятӣ эҷод кардааст" ,- гуфт ӯ.Мудири пешини СИМА таҷҳизоти амрикоиро, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст, нигаронкунанда номид, аммо гуфтааст, ки ин таслиҳот ба андозае, ки гузориш шуда, ҷиддӣ нест.Гуфта мешавад, ба арзиши ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти низомиеро, ки Амрико ба давлати Афғонистон супурда буд, ба дасти толибон расид.Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин таҷҳизот шомили ҳавопаймоҳо, муҳимоти ҳаво ба замин, васоили нақлияи низомӣ, силоҳу таҷҳизоти иртиботӣ аст.
https://sputnik.tj/20220504/mujohid-khabarnigor-zindon-rasonaho-hamkori-1048181991.html
афғонистон
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434833_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_89b355e6bf87f6275d6cf751b6ca55c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аф-онистон, има, амрико, тавоноӣ, толибон, таъмин амният
аф-онистон, има, амрико, тавоноӣ, толибон, таъмин амният
Раиси пешини СИМА: Пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии таъмини амниятро надоранд
19:20 05.05.2022 (Навсозишуда: 19:33 05.05.2022) Раиси пешини истихбороти ИМА бо нигаронии дубора аз хушунатҳои ахир дар Афғонистон гуфтааст, пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии барқарории амниятро надоранд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дэвид Петреус, генерали амрикоӣ ва раиси собиқи СИМА (ЦРУ) дар мусоҳибае гуфтааст, далели афзоиши хушунат озодии ҳазорон нафар аз зиндонҳои Афғонистон тавассути толибон аст.
Ба бовари вай, бо озодии аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ин гурӯҳҳо дубора муқтадир шудаанд ва ба ҳамалоташон мепардозанд.
"Ба ёд дошта бошед, мо қаблан ҳарос доштем, ки бо рӯйи кор омадани толибон онҳо тавоноии барқарории амният дар тамоми қаламрави Афғонистонро нахоҳанд дошт. Хушунатҳои ахир ва мунсаҷим шудани гурӯҳҳои мухталиф барои толибон мушкилоти амниятӣ эҷод кардааст" ,- гуфт ӯ.
Мудири пешини СИМА таҷҳизоти амрикоиро, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст, нигаронкунанда номид, аммо гуфтааст, ки ин таслиҳот ба андозае, ки гузориш шуда, ҷиддӣ нест.
Гуфта мешавад, ба арзиши ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти низомиеро, ки Амрико ба давлати Афғонистон супурда буд, ба дасти толибон расид.
Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин таҷҳизот шомили ҳавопаймоҳо, муҳимоти ҳаво ба замин, васоили нақлияи низомӣ, силоҳу таҷҳизоти иртиботӣ аст.