https://sputnik.tj/20220504/mujohid-khabarnigor-zindon-rasonaho-hamkori-1048181991.html
Муҷоҳид: Ҳич хабарнигоре дар зиндон надорем ва то ҳадди мумкин бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем
Муҷоҳид: Ҳич хабарнигоре дар зиндон надорем ва то ҳадди мумкин бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем
Sputnik Тоҷикистон
Толибон мегӯянд, ҳич хабарнигоре зиндонӣ нест ва даъвати хабарнигорон барои ифҳому тафҳим ба бархе идораҳо маънии шиканҷаву зиндонӣ кардани онҳо нест
2022-05-04T18:00+0500
2022-05-04T18:00+0500
2022-05-04T18:15+0500
афғонистон
зиндонӣ
ҳамкорӣ
расонаҳо
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bca989e3216e2396af8c50d1ab6648ec.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфт, Ҳукумати Афғонистон аз расонаҳои дохилӣ, ки манобеи молии худро аз даст додаанд, ҳимоят хоҳад кард.Ӯ дар саҳифаи твиттери худ навиштааст, ки сабаби аслии баста шудани бархе аз расонаҳои хабарӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз ҷониби хориҷиҳо маблағгузорӣ шудани онҳо буд.Оқои Муҷоҳид таъкид кард, ки толибон аз фаъолияти расонаҳои хабарӣ пуштибонӣ мекунанд ва ба радиову телевизионҳо иҷоза додаанд, то дар ҳудуди Афғонистон озодона фаъолият намоянд."Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои мо ягон хабарнигор нест. Вақте хабарнигорон барои ифҳому тафҳим ба бархе идораҳо даъват мешаванд, маънии шиканҷаву зиндонӣ кардани онҳо надорад", - гуфт сухангӯи толибон.Пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 шумори зиёди расонаҳо ба далели мушкилоти иқтисодӣ баста шуданд ва иттиҳодияҳои байналмилалии журналистӣ аз афзоиши хушунат алайҳи кормандони расонаҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд.Беш аз 40 дарсади расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, маҷаллаҳои чопӣ ва сомонаҳои хабарӣ, ки дар маҷмуъ 578 расонаро ташкил медод, ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои корӣ баста шудаанд.Ҳадди ақал 30 дарсади расонаҳои дигар дар арафаи баста шудан қарор доранд ва дар як рӯз ё ҳафта ҳамагӣ чанд соат фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20220504/sobiq-kishvardor-afghoniston-safir-rusiya-1048177340.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_adb703d6cdace294eb3b9b48ebb40a1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, расонаҳо, муҷоҳид, ҳамкорӣ, зиндонӣ
афғонистон, расонаҳо, муҷоҳид, ҳамкорӣ, зиндонӣ
Муҷоҳид: Ҳич хабарнигоре дар зиндон надорем ва то ҳадди мумкин бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем
18:00 04.05.2022 (Навсозишуда: 18:15 04.05.2022) Толибон мегӯянд, ҳич хабарнигоре зиндонӣ нест ва даъвати хабарнигорон барои ифҳому тафҳим ба бархе идораҳо ба маънии шиканҷаву зиндонӣ кардани онҳо нест
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфт, Ҳукумати Афғонистон аз расонаҳои дохилӣ, ки манобеи молии худро аз даст додаанд, ҳимоят хоҳад кард.
Ӯ дар саҳифаи твиттери худ навиштааст, ки сабаби аслии баста шудани бархе аз расонаҳои хабарӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз ҷониби хориҷиҳо маблағгузорӣ шудани онҳо буд.
“Мо ба расонаҳои Афғонистон итминон медиҳем, ки барои ҳалли мушкилоти молии онҳо тамоми корро анҷом медиҳем", - гуфт ӯ.
Оқои Муҷоҳид таъкид кард, ки толибон аз фаъолияти расонаҳои хабарӣ пуштибонӣ мекунанд ва ба радиову телевизионҳо иҷоза додаанд, то дар ҳудуди Афғонистон озодона фаъолият намоянд.
"Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои мо ягон хабарнигор нест. Вақте хабарнигорон барои ифҳому тафҳим ба бархе идораҳо даъват мешаванд, маънии шиканҷаву зиндонӣ кардани онҳо надорад", - гуфт сухангӯи толибон.
Пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 шумори зиёди расонаҳо ба далели мушкилоти иқтисодӣ баста шуданд ва иттиҳодияҳои байналмилалии журналистӣ аз афзоиши хушунат алайҳи кормандони расонаҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
Беш аз 40 дарсади расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, маҷаллаҳои чопӣ ва сомонаҳои хабарӣ, ки дар маҷмуъ 578 расонаро ташкил медод, ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои корӣ баста шудаанд.
Ҳадди ақал 30 дарсади расонаҳои дигар дар арафаи баста шудан қарор доранд ва дар як рӯз ё ҳафта ҳамагӣ чанд соат фаъолият мекунанд.