Эълони қурби асъор дар бозори нақд ва ғайринақдии Тоҷикистон: бо рублу доллар чӣ шуд?

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Асъори аврупоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон башиддат коҳиш меёбад. Рубл бошад, дар баробари сомонӣ мавқеи устувортарро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 160 сомонӣ аст. Асъори русӣ устуворияшро сар аз оғози ҳафта нигоҳ медорад, ки чунин ҳолат нахустин бор сар аз аввали сол аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ башиддат коҳиш ёфтааст. Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.1360 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафта як евро 13.2272 сомонӣ арзиш дошт.
Ба дунболи евро вазъияти доллар низ чандон хуб ба назар намерасад. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 153 ва дар фурӯш161 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.
Дар бозори арзи Русия низ доллару евро дар ҳолати ногувор қарор гирифта, аз нишондиҳанда қабл аз таҳримот низ поин рафтааст.
Ҳоло дар ин кишвар як евро 75,3 ва ҳар доллар 72,2 рубл арзиш доранд.
Лентаи хабарҳо
0