https://sputnik.tj/20220428/dollar-evro-rubl-qurb-asor-tojikiston-1048024141.html
Коҳиши доллару евро ва устувории рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
Коҳиши доллару евро ва устувории рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори асъори Тоҷикистон доллару евро дар баробари сомонӣ боз коҳиш ёфта рубл бошад, мавқеи устувортарро касб мекунад
2022-04-28T10:36+0500
2022-04-28T10:36+0500
2022-04-28T12:56+0500
қурби асъор
бонки миллӣ
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 160 сомонӣ аст. Асъори русӣ устуворияшро сар аз оғози ҳафта нигоҳ медорад.Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст. Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.2272 сомонӣ медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафта як евро 13.5519 сомонӣ арзиш дошт.Ба дунболи евро арзиши пули амрикоӣ низ коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад. Як рӯз қабл ин нишондиҳанда ба 12.5075 сомонӣ баробар буд.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 153 ва дар фурӯш161 сомонӣ муайян намудааст."Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220415/uft-jahish-iqtisoddon-aprel-rubl-1047671086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар евро рубл қурб асъор тоҷикистон
доллар евро рубл қурб асъор тоҷикистон
Коҳиши доллару евро ва устувории рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
10:36 28.04.2022 (Навсозишуда: 12:56 28.04.2022) Дар бозори асъори Тоҷикистон доллару евро дар баробари сомонӣ боз коҳиш ёфта, рубл бошад, мавқеи устувортарро касб мекунад
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 160 сомонӣ аст. Асъори русӣ устуворияшро сар аз оғози ҳафта нигоҳ медорад.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст. Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.2272 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафта як евро 13.5519 сомонӣ арзиш дошт.
Ба дунболи евро арзиши пули амрикоӣ низ коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад. Як рӯз қабл ин нишондиҳанда ба 12.5075 сомонӣ баробар буд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 153 ва дар фурӯш161 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.