Уфт ё ҷаҳиш? Иқтисоддон гуфт, ки то охири моҳи апрел бо рубл чӣ мешавад

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи як таҳлилгар, эҳтимол дорад, қурби рубл то охири моҳи апрел устувор боқӣ монад ва баъдан мақомот аз рӯи рушди вазъият амал хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар вазъи кунунии иқтисодии Русия бархеҳо аз ҳолати қавии рубл фоида мебинанд ва бархе аз заъфи он менависад агентии "Прайм".
Ба гуфтаи таҳлилгари "Финам" Александр Потавин, давлат ҳоло барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ба рубли устувор ниёз дорад.
Чизи асосиаш он аст, ки бо кумаки рубли пурқувват суръати афзоиши таваррумро, ки дар шароити кунунӣ муҳим аст, суст кардан мумкин аст.
Потавин инчунин мушаххас кард, ки кадом қурби пули миллӣ ҳоло тақрибан ба ҳама мувофиқ аст.

"Бо вуҷуди мушкилот дар пур кардани буҷет қурби қавии рубл барои коҳиш додани ваҳми арзӣ дар миёни мардум зарур аст", - шарҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама дарк мекунанд, ки танҳо ба шарофати мамнуияту маҳдудиятҳои ҷорикардаи Бонки марказии Федератсияи Русия қурби пули миллӣ дар давоми як моҳи охир босуръат устувор шуд.
"Қурби қавии рубл барои коҳиш додани ваҳми арзӣ дар миёни мардум зарур аст", - шарҳ дод таҳлилгар.
Аммо аз сӯйи дигар қурби қавии пули русӣ барои содиркунандагон фоидаовар нест, зеро даромади рублии онҳо коҳиш меёбад ва ҳамчунин барои буҷаи Русия, ки ҷиҳати пуштибонӣ аз ширкатҳо ва бахшҳои иқтисодии осебдида ба рубли бештар ниёз дорад.
Рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
"Global Times" гуфт, ки қудрати рубл дар чист
Потавин қайд кард, ки то охири моҳи апрел қурби рубл устувор боқӣ мемонад ва баъдан мақомот аз руи рушди вазъият амал хоҳанд кард.
Коршинос ҳамчунин гуфтааст, "моҳҳои март ва апрел моҳҳои суннатии таҳкими пули Русия мебошанд".
Аммо дар баробари ин Александр Потавин бар ин назар аст, ки вазъи феълӣ дар иқтисод ва бозори асъори Федератсияи Русияро наметавон маъмулӣ номид.
Ба бовари ӯ, тавонмандии кунунии рублро тавассути сабук кардани маҳдудиятҳои ҷорӣ барои гардиши сармоя ва ҳамчунин ҳавасмандгардонии афзоиши воридот танзим кардан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0