"Мушкилот ба миён меояд": оё Аврупо ба буҳрони озуқа дучор мешавад?

© REUTERS \ Vincent WestМужчина у пустых прилавков в супермаркете, Испания
Мужчина у пустых прилавков в супермаркете, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Муовини собиқи вазири кишоварзӣ гуфт, ки Аврупо аз сабаби таҳримҳо ва қатъи занҷирҳои таъминот бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Маҳдудияти интиқоли маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ аз Русия ба кишварҳои дигар ба чӣ оварда мерасонад, Леонид Холод, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини собиқи вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар суҳбат бо Sputnik изҳори назар кард.
Коршинос тавзеҳ дод, ки Русия ба 95 кишвари ҷаҳон ғалла содир мекард.
Масалан, Туркия, афзуд доктори илмҳои иқтисод, бузургтарин харидори ғалла буд, ки як қисми зиёди онро орди омодашуда мегирифт.
Русия содироти ғалла ба кишварҳои Авруосиёро манъ кард
"Ин истеҳсол кам мешавад, харидори аврупоӣ зарар хоҳад дид", - гуфт Холод.
Мутахассис қайд кард, ки буҳрони куллии ғизоро набояд интизор шуд, аммо агар бадтарин пешгӯиҳо амалӣ шаванд ва интиқоли он аз Русия ва Украина душвор бошад, пас баъзе кишварҳо шояд ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд.
Холод шарҳ дод, ки нон дар як қатор мамлакатҳо на танҳо маҳсулоти хӯрданӣ, балки маҳсулоте ҳам мебошад, ки устувории тамоми системаи иқтисодиро кафолат медиҳад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки Русия ва Украина якҷоя тақрибан 80% тамоми содироти ҷаҳонии рӯғани офтобпарастро ташкил медиҳанд.
Холод афзуд, ки халалдор шудани хатсайрҳои нақлиётӣ бевосита ба Аврупо таъсир мерасонад.
Доктори илмҳои иқтисодӣ қайд кард, ки як қисми ин колоро метавон аз бозорҳои дигар дарёфт кард, аммо ин боиси хеле боло рафтани арзиши маҳсулот мегардад.
Лентаи хабарҳо
0