https://sputnik.tj/20220426/korrupsiya-nigaroni-prokuror-sughd-davati-harbi-1047965695.html
Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон
Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон
Sputnik Тоҷикистон
Додситони Суғд раванди ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилоятро суст арзёбӣ карда, натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар ин бахшро баён доштаст
2022-04-26T14:00+0500
2022-04-26T14:00+0500
2022-04-26T18:02+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
аскарӣ
ҷалб
ҷавонон
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/68/1028616861_0:32:609:375_1920x0_80_0_0_0e43fc79c80b8ae83413808066fddaa6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Теъдоди ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мансаб дар ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҷой доранд. Ин нуктаро Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд зимни баррасии иҷроиши уҳдадориҳои ҳарбӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён дошт. Хоҷазода гуфт, ки тайи 22 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1282 нафар ва ё 40,1 %-и нақша иҷро шудааст. Додситон ин нишондиҳандаро кам ва иҷроиши нақшаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст. Ӯ афзуд, ки санҷишҳои прокурорӣ якчанд омили таъсиррасон ба ин равандро ошкор кардаанд."Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноят бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст”, - таъкид кард додситон. Хоҷазода сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар макотиби миёна хонд. "Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии Суғд дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ пешбинӣ нагардидаст. Аз сӯйи дигар бо сабаби норасоии кадрӣ 177 нафар омӯзгоре, ки аз омодагии ҳарбӣ дарс мегузаранд, ғайриихтисосиянд. Дар 230 муассисаи таълимӣ майдончаҳои ҳарбӣ ташкил нашудааст", - афзуд ӯ. Дар ҷаласа таъкид гардидаст, ки барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавнон ба хидмати ҳарбӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхона ва муассисаҳо масъул мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки аз оғози апрел дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он 2 моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20220425/vazorat-donishjuyone-khizmat-imtihon-1047931540.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/68/1028616861_26:0:567:406_1920x0_80_0_0_abdb88fb9cf33d530f6dc38dd464bc5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ, додситон, суғд, нақша, даъват, заиф
нигаронӣ, додситон, суғд, нақша, даъват, заиф
Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон
14:00 26.04.2022 (Навсозишуда: 18:02 26.04.2022) Додситони Суғд раванди ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилоятро суст арзёбӣ карда, натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар ин бахшро баён доштааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Теъдоди ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мансаб дар ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҷой доранд.
Ин нуктаро Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд зимни баррасии иҷроиши уҳдадориҳои ҳарбӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён дошт.
Хоҷазода гуфт, ки тайи 22 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1282 нафар ва ё 40,1 %-и нақша иҷро шудааст. Додситон ин нишондиҳандаро кам ва иҷроиши нақшаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст.
"Теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршаванда ба сафи қувваҳои муссалаҳи кишвар кам шуда истодааст", - нигаронӣ кард Хоҷазода.
Ӯ афзуд, ки санҷишҳои прокурорӣ якчанд омили таъсиррасон ба ин равандро ошкор кардаанд.
"Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноят бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст”, - таъкид кард додситон.
Хоҷазода сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар макотиби миёна хонд.
"Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии Суғд дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ пешбинӣ нагардидаст. Аз сӯйи дигар бо сабаби норасоии кадрӣ 177 нафар омӯзгоре, ки аз омодагии ҳарбӣ дарс мегузаранд, ғайриихтисосиянд. Дар 230 муассисаи таълимӣ майдончаҳои ҳарбӣ ташкил нашудааст", - афзуд ӯ.
Дар ҷаласа таъкид гардидаст, ки барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавнон ба хидмати ҳарбӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхона ва муассисаҳо масъул мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози апрел дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он 2 моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.