Сабукӣ ба донишҷӯёни тоҷик, ки мехоҳанд хизмат раванд: пешакӣ имтиҳон супоранд

© Российско-Таджикский (славянский) университетСтуденты на выставке-презентации "Образование в России старт успешного будущего"
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, барои донишҷӯёне, ки мехоҳанд, ба артиш бипайвандан, супоридани имтиҳонотро пеш аз муҳлат иҷозат диҳанд
ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии касбии Суғд донишҷӯёнеро, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, иҷозат додааст, то имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм дар мактуб, ки як нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфтааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати пеш аз муҳлат гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи ҳатми донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки хоҳиши дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат карданро доранд, розигӣ медиҳад.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Вазорати мудофиа нақшаи 20 рӯзи сарбозгириро эълон кард: кӣ тамом карду кӣ монд?
Бино ба мактуби вазир, ки ба унвонии ректорони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд ироа гардидааст, ин иқдом дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол масъулони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тартиби баргузории имтиҳони пеш аз муҳлатро муқаррар намудаанд.
Зайниддин Насриддинов, муовини ректори Донишкада дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳар ҳафта, рӯзи ҷумъа имтиҳони давлатӣ ва рӯзи шанбе ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор мешаванд.

“Он донишҷӯёне ба раванди кори комиссияҳои хатм роҳ дода мешаванд, ки уҳдадориҳои нақшаи таълимро пурра иҷро карда, дар даст лоиҳаи рисолаҳои дипломӣ доранд”,- гуфт Насриддинов.

Ин масъули донишкада ҳамчунин зикр кард, ки барои роҳ ёфтан ба раванди кори комиссияи хатм мактуб аз ҳукумати шаҳру ноҳияҳо бо зикри ному насаби донишҷӯи хоҳишманд ва бо замимаи аризаи розигӣ талаб мешавад.
Зимнан дигар донишгоҳҳои Суғд низ шеваи баргузории имтиҳонҳо барои донишҷӯёнеро, ки қабл аз муҳлат донишгоҳро хатм намуда, хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, мураттаб намудаанд.
Бар асоси охирин додаҳои Вазорати дифои кишвар, нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ 50 фисад ва дар вилояти Суғд 40 фоиз иҷро шудааст, ки камтарин дар сатҳи кишвар аст.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Фанои "дедовшина" ва фиристодани раисзодаҳо. Узви парлумон давои артишгурезиро гуфт
Маврид ба зикр аст, Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021 қонунеро имзо кард, ки бар асоси он, хизмати пулакӣ ҷорӣ шуд ва ҳамчунин хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад.
Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0