https://sputnik.tj/20220426/gharb-shartguzori-shikast-rusiya-1047972390.html
Ғарб болои шикасти Русия дар Украина қиматгузорӣ мекунад
Ғарб болои шикасти Русия дар Украина қиматгузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Онҳо мехоҳанд Украинаро ба хок яксон кунанд, аммо на "таҷовузкорони Русия", балки "муҳофизони амрикоӣ". Ин баъд аз қабули меҳмонон дар Киев комилан рӯшан гардид
2022-04-26T16:20+0500
2022-04-26T16:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
ғарб
шикаст
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047972260_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_72f7edfe190f445a549fe938e089ffd7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik, Петр Акопов. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ аллакай дар пойтахти Украина зуҳур карданд ва навбати муҳимтарин муттаҳидон, амрикоиҳо фаро расид. Байден наомад, вале ду мансабдори калидиро фиристод: котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири дифоъ Ллойд Остин. Видеоҳои бародарии охирин бо сиёсатмадорон ва генералҳои украинӣ ва Зеленский тамоми роҳбарияти кишварро ба мулоқот бо амрикоиҳо овард. Аммо он чизе ки Блинкен ва Остин баъд аз гуфтушунид гуфтанд, хеле муҳимтар аст."Мо мехоҳем, Русия то дараҷае заъиф шавад, ки дигар натавонад кореро, ки дар замони таҷовуз ба Украина карда буд, анҷом диҳад. Онҳо аллакай тавони низомии зиёдеро аз даст додаанд ва мо мехоҳем, ки онҳо чунин як амалро базудӣ такрор накунанд...”, - ва ин ҳарфи Ллойд Остин аст.Вазири дифоъ ҳамчунин гуфт, ки Зеленский барои кӯмакҳои расонидашуда изҳори миннатдорӣкардааст ва "ӯ азми пирӯзӣ дорад" ва Иёлоти Муттаҳида "бар он азм дорад, ки онҳоро дар ин пирӯзӣ кумак кунад":Ин ҳарфҳо ва ҳамчунин изҳороти дигари вазири хориҷаи Бритониё Лиз Трасс чӣ маъно доранд: "То Путин ноком нашавад ва Украина пирӯз нагардад, мо ором намегирем"?Англосаксонҳо ниҳояти мақсади худро мағлубияти Русия эълон карданд, ки ин на танҳо кашол додани ҷанг дар Украина бо роҳи яроқу аслиҳа аст, балки аз ба таври максималӣ заиф гардондани мамлакат ва қувваҳои мусаллаҳи мо иборат аст. Остин мустақиман сухан хоҳад гуфт, то ба дараҷае ки артиши Русия дигар "кореро, ки карда буд, анҷом надиҳад", яъне дар қаламрави хориҷӣ ҳамла амалиёти низомӣ карда натавонад.Ғалабаи низомии Украина дар ин маврид на танҳо шикасти Русия, балки пирӯзии Ғарб низ мешавад, бар замми ин пирӯзие, ки бо дасти каси дигар ба даст омадааст: дасти як қисми ҷаҳони Русия дар ҷанг бо дигараш. Оё дар ҳақиқат англосаксонҳо намефаҳманд, ки ба ин гуна изҳорот дар Маскав чӣ тавр муносибат мекунанд?Чунки Русия ба ҳар ҳол пирӯз хоҳад шуд ва дар қимати ин пирӯзӣ суоле нуҳуфтааст. Ва на танҳо барои мо, балки барои Киев ҳам. Омодагии англосаксонҳо барои фурӯзон кардани оташи ҷанги Украина бешубҳа аст, аммо раҳбарияти Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир, аз рӯи назария, бояд дар бораи он фикр мекарданд, ки баъдтар бо шаҳрвандони онҳо чӣ ҳодисае рӯй медиҳад. Охир, агар Украина мағлуб шавад, пас ИМА ва Британияи Кабир, ки ба ғалабаи Киев манфиатдор буданд, низ мағлуб шуданд?Аммо шояд онҳо бохтро пирӯзӣ ҷилва диҳанд? Украинаи беартиш, бидуни дастрасӣ ба баҳр ва дорои ҷомеа, ки ба элитаи худро нафрат дорад, пирӯз асту русҳо мағлуб? Ва оё ҷоиз аст, ки ҳатто чунин Украина аз Ғарб кафолати амниятӣ нагирад ва ин ҳам ҳамчун шикасти Маскав муаррифӣ мешавад? Гап сари он аст, ки бо ин гуна найрангҳо одамони тамоман содалавҳро фиреб дода метавонанд. Дар Ғарб онҳо шаҳрвандони худро дар бораи "шикасти Русия" фиреб доданӣ мешаванд.Пас маълум мешавад, англосаксонҳо воқеан бовар доранд, ки онҳо метавонанд ғолиб шаванд? Аммо ин на танҳо ба вокеият, балки ба ақидаи коршиносони объективии ҳарбии Ғарб ҳам мухолиф аст: хеҷ кадоми онҳо дар бораи эҳтимолияти чунин сенария сухан намеронад. Бештар аз ҳама, ки Ғарб ба он умед мебандад, дароз кардани амалиёти ҷангӣ аст.Барои мағлуб кардани Русия танҳо як имкони воқеӣ вуҷуд дорад: ноил шудан ба худкушии дастаҷамъонаи мо, яъне нооромиҳо дар кишвар ва аз дарун хароб кардани он. Аммо тавре ки Владимир Путин рӯзи душанбе гуфт, "ва ин ҷо мушкиле ҳаст, кор намедиҳад". Дар баробари ин, ҳиссаи тақсимшавӣ дар Русия аз ҷониби англосаксонҳо муассир ҳисобида мешавад, ҳатто чунин эътиқоди онҳо ин заруратро барояшон халқ намекунад, ки Русияро дар майдони ҷанг шикаст диҳанд.Воқеан ҳам, англосаксонҳо бо таъкид бар хоҳиши чунин натиҷагирӣ танҳо ваҳдати ҷомеаи моро мустаҳкам мекунанд, зеро бисёре аз онҳое, ки аз амалиёт дар Украина ва Владимир Путин пуштибонӣ намекунанд, шикасти артиши худро намехоҳанд, дарк мекунанд, ки ин метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.Пас калиди "нақшаи маккорона"-и англосаксонҳо дар чист? Ин ҷо чизе пинҳон нест, Ғарб боз гаравгони муносибати худ ба русҳо гардид. Он бовар дошт, ки агар русҳо Киевро "дар се рӯз нагирифта бошанд", пас онҳо метавонанд мағлуб шаванд, бахусус азбаски ба онҳо ҳамон русҳо муқобиланд, танҳо дар зери аломатҳои украинӣ, як мардуманд.Аз ин рӯ шартгузорӣ болои шикасти Русия танҳо як кӯшиши бори охир бозӣ кардани корти украинӣ аст. Ба умеди он ки русҳо суст мешаванд ва агар шикаст нахӯранд ҳам, ҳадди ақалл аз ҳадафҳои худ ақибнишинӣ мекунанд.Ва ҳангоме маълум мешавад, ки Украина мағлуб шудааст, Ғарб дигар барои узрхоҳӣ вақт нахоҳад дошт: мушкилоти аз ҳад зиёд пухташуда ба миён меоянд, озмоишҳо ва тағйироти сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ хеле қавӣ хоҳанд буд. Ва посух пайдо кардан ба ин суол: "чаро Русия не, балки мо бохтем?", барои муаррихони оянда шавқовар хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220423/gharb-manfiat-rusiya-nodida-1047899193.html
https://sputnik.tj/20220426/volodin-ukraina-davlat-terrorist-etirof-1047958801.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047972260_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_f2db7a4739eff102e4e757ba211dc7e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб русия украина англия англосаксон сиёсат рақобат шикаст
ғарб русия украина англия англосаксон сиёсат рақобат шикаст
Ғарб болои шикасти Русия дар Украина қиматгузорӣ мекунад
16:20 26.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Онҳо мехоҳанд Украинаро ба хок яксон кунанд, аммо на "таҷовузкорони Русия", балки "муҳофизони амрикоӣ". Ин баъд аз қабули меҳмонон дар Киев комилан рӯшан гардид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik, Петр Акопов. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ аллакай дар пойтахти Украина зуҳур карданд ва навбати муҳимтарин муттаҳидон, амрикоиҳо фаро расид. Байден наомад, вале ду мансабдори калидиро фиристод: котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири дифоъ Ллойд Остин. Видеоҳои бародарии охирин бо сиёсатмадорон ва генералҳои украинӣ ва Зеленский тамоми роҳбарияти кишварро ба мулоқот бо амрикоиҳо овард. Аммо он чизе ки Блинкен ва Остин баъд аз гуфтушунид гуфтанд, хеле муҳимтар аст.
"Мо намедонем, ин ҷанг то кай идома хоҳад кард, аммо мо медонем, ки Украинаи соҳибихтиёр ва мустақил нисбат ба Владимир Путин ба муддати тӯлонӣ вуҷуд хоҳад дошт. Ва дастгирии мо аз Украина то он даме ки мо муваффақияти ниҳоиро бубинем, идома хоҳад кард...", - ин суханон аз Энтони Блинкен ҳастанд.
"Мо мехоҳем, Русия то дараҷае заъиф шавад, ки дигар натавонад кореро, ки дар замони таҷовуз ба Украина карда буд, анҷом диҳад. Онҳо аллакай тавони низомии зиёдеро аз даст додаанд ва мо мехоҳем, ки онҳо чунин як амалро базудӣ такрор накунанд...”, - ва ин ҳарфи Ллойд Остин аст.
Вазири дифоъ ҳамчунин гуфт, ки Зеленский барои кӯмакҳои расонидашуда изҳори миннатдорӣкардааст ва "ӯ азми пирӯзӣ дорад" ва Иёлоти Муттаҳида "бар он азм дорад, ки онҳоро дар ин пирӯзӣ кумак кунад":
"Аз нигоҳи тавоноии онҳо ба пирӯзӣ, қадами аввал ин эътиқод бар ғалаба кардан аст, зеро онҳо медонанд, ки ғалаба мекунанд. Мо бовар дорем, мо метавонем ғолиб шавем, агар онҳо таҷҳизоти дуруст ва дастгирии дуруст дошта бошанд".
Ин ҳарфҳо ва ҳамчунин изҳороти дигари вазири хориҷаи Бритониё Лиз Трасс чӣ маъно доранд: "То Путин ноком нашавад ва Украина пирӯз нагардад, мо ором намегирем"?
Англосаксонҳо ниҳояти мақсади худро мағлубияти Русия эълон карданд, ки ин на танҳо кашол додани ҷанг дар Украина бо роҳи яроқу аслиҳа аст, балки аз ба таври максималӣ заиф гардондани мамлакат ва қувваҳои мусаллаҳи мо иборат аст. Остин мустақиман сухан хоҳад гуфт, то ба дараҷае ки артиши Русия дигар "кореро, ки карда буд, анҷом надиҳад", яъне дар қаламрави хориҷӣ ҳамла амалиёти низомӣ карда натавонад.
Ғалабаи низомии Украина дар ин маврид на танҳо шикасти Русия, балки пирӯзии Ғарб низ мешавад, бар замми ин пирӯзие, ки бо дасти каси дигар ба даст омадааст: дасти як қисми ҷаҳони Русия дар ҷанг бо дигараш. Оё дар ҳақиқат англосаксонҳо намефаҳманд, ки ба ин гуна изҳорот дар Маскав чӣ тавр муносибат мекунанд?
Чунки Русия ба ҳар ҳол пирӯз хоҳад шуд ва дар қимати ин пирӯзӣ суоле нуҳуфтааст. Ва на танҳо барои мо, балки барои Киев ҳам. Омодагии англосаксонҳо барои фурӯзон кардани оташи ҷанги Украина бешубҳа аст, аммо раҳбарияти Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир, аз рӯи назария, бояд дар бораи он фикр мекарданд, ки баъдтар бо шаҳрвандони онҳо чӣ ҳодисае рӯй медиҳад. Охир, агар Украина мағлуб шавад, пас ИМА ва Британияи Кабир, ки ба ғалабаи Киев манфиатдор буданд, низ мағлуб шуданд?
Аммо шояд онҳо бохтро пирӯзӣ ҷилва диҳанд? Украинаи беартиш, бидуни дастрасӣ ба баҳр ва дорои ҷомеа, ки ба элитаи худро нафрат дорад, пирӯз асту русҳо мағлуб? Ва оё ҷоиз аст, ки ҳатто чунин Украина аз Ғарб кафолати амниятӣ нагирад ва ин ҳам ҳамчун шикасти Маскав муаррифӣ мешавад? Гап сари он аст, ки бо ин гуна найрангҳо одамони тамоман содалавҳро фиреб дода метавонанд. Дар Ғарб онҳо шаҳрвандони худро дар бораи "шикасти Русия" фиреб доданӣ мешаванд.
Пас маълум мешавад, англосаксонҳо воқеан бовар доранд, ки онҳо метавонанд ғолиб шаванд? Аммо ин на танҳо ба вокеият, балки ба ақидаи коршиносони объективии ҳарбии Ғарб ҳам мухолиф аст: хеҷ кадоми онҳо дар бораи эҳтимолияти чунин сенария сухан намеронад. Бештар аз ҳама, ки Ғарб ба он умед мебандад, дароз кардани амалиёти ҷангӣ аст.
Барои мағлуб кардани Русия танҳо як имкони воқеӣ вуҷуд дорад: ноил шудан ба худкушии дастаҷамъонаи мо, яъне нооромиҳо дар кишвар ва аз дарун хароб кардани он. Аммо тавре ки Владимир Путин рӯзи душанбе гуфт, "ва ин ҷо мушкиле ҳаст, кор намедиҳад". Дар баробари ин, ҳиссаи тақсимшавӣ дар Русия аз ҷониби англосаксонҳо муассир ҳисобида мешавад, ҳатто чунин эътиқоди онҳо ин заруратро барояшон халқ намекунад, ки Русияро дар майдони ҷанг шикаст диҳанд.
Воқеан ҳам, англосаксонҳо бо таъкид бар хоҳиши чунин натиҷагирӣ танҳо ваҳдати ҷомеаи моро мустаҳкам мекунанд, зеро бисёре аз онҳое, ки аз амалиёт дар Украина ва Владимир Путин пуштибонӣ намекунанд, шикасти артиши худро намехоҳанд, дарк мекунанд, ки ин метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Пас калиди "нақшаи маккорона"-и англосаксонҳо дар чист? Ин ҷо чизе пинҳон нест, Ғарб боз гаравгони муносибати худ ба русҳо гардид. Он бовар дошт, ки агар русҳо Киевро "дар се рӯз нагирифта бошанд", пас онҳо метавонанд мағлуб шаванд, бахусус азбаски ба онҳо ҳамон русҳо муқобиланд, танҳо дар зери аломатҳои украинӣ, як мардуманд.
Аз ин рӯ шартгузорӣ болои шикасти Русия танҳо як кӯшиши бори охир бозӣ кардани корти украинӣ аст. Ба умеди он ки русҳо суст мешаванд ва агар шикаст нахӯранд ҳам, ҳадди ақалл аз ҳадафҳои худ ақибнишинӣ мекунанд.
Ва ҳангоме маълум мешавад, ки Украина мағлуб шудааст, Ғарб дигар барои узрхоҳӣ вақт нахоҳад дошт: мушкилоти аз ҳад зиёд пухташуда ба миён меоянд, озмоишҳо ва тағйироти сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ хеле қавӣ хоҳанд буд. Ва посух пайдо кардан ба ин суол: "чаро Русия не, балки мо бохтем?", барои муаррихони оянда шавқовар хоҳад буд.