https://sputnik.tj/20220426/volodin-ukraina-davlat-terrorist-etirof-1047958801.html
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Украина чун кишвари террористӣ эътироф шавад ва кишвардори онро бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид
2022-04-26T12:00+0500
2022-04-26T12:00+0500
2022-04-26T14:17+0500
дар русия
вячеслав володин
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103007/71/1030077178_0:168:1620:1080_1920x0_80_0_0_76022b14291c4a26d7fce86659dfabf4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Украина пас аз тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ алайҳи хабарнигорони рус бояд ҳамчун як кишвари террористӣ эътироф карда шавад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар сафҳаи "Telegram"-аш хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин кӯшишҳои номуваффақ кишвардори Украина Владимир Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.Дар идома ӯ навиштааст, "бояд эътироф кард, ки Украина як давлати террористист. Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - афзуд Володин ва таъкид кард, масъулони тарҳрезии ҳамла ба хабарнигорони рус "бояд муҷозот шаванд."Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки "он чӣ рух дод, дурустӣ ва саривақтӣ будани оғози амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украинаро собит мекунад".Қаблан аъзои боздоштшудаи гурӯҳи миллатгароҳо ҳангоми бозпурсӣ, ки навори он аз ҷониби ФСБ-и Русия паҳн шудааст, гуфта буданд, қасди анҷоми куштори рӯзноманигор Владимир Соловёвро доштанд ва ҳамзамон ҳамла ба дигар намояндагони маъруфи Русияро баррасӣ кардаанд.Дар байни нафароне, ки бояд кушта мешуданд, номи Дмитрий Киселев, Олга Скабеева, Евгений Попов, Маргарита Симонян ва Тигран Кеосаяян низ зикр шудааст.
https://sputnik.tj/20220425/millatgaro-qasd-joni-kiselyov-simonyan-1047947657.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103007/71/1030077178_258:165:1478:1080_1920x0_80_0_0_0e4ae9ad42387909117a2449d59c275d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вячеслав володин украина русия
вячеслав володин украина русия
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
12:00 26.04.2022 (Навсозишуда: 14:17 26.04.2022) Ба бовари раиси Думаи давлатии Русия, Украина ҳамчун кишвари террористӣ эътироф шавад ва кишвардори онро бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Украина пас аз тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ алайҳи хабарнигорони рус бояд ҳамчун як кишвари террористӣ эътироф карда шавад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар сафҳаи "Telegram"-аш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин кӯшишҳои номуваффақ кишвардори Украина Владимир Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
"Бо оғози ҷанг алайҳи мардуми худ Киев ба ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми осоишта дар кишварҳои дигар гузашт. Ин аст натиҷаи пуштибонӣ аз идеологияи неонасистӣ ", - гуфт дипломати рус.
Дар идома ӯ навиштааст, "бояд эътироф кард, ки Украина як давлати террористист. Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - афзуд Володин ва таъкид кард, масъулони тарҳрезии ҳамла ба хабарнигорони рус "бояд муҷозот шаванд."
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки "он чӣ рух дод, дурустӣ ва саривақтӣ будани оғози амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украинаро собит мекунад".
Қаблан аъзои боздоштшудаи гурӯҳи миллатгароҳо ҳангоми бозпурсӣ, ки навори он аз ҷониби ФСБ-и Русия паҳн шудааст, гуфта буданд, қасди анҷоми куштори рӯзноманигор Владимир Соловёвро доштанд ва ҳамзамон ҳамла ба дигар намояндагони маъруфи Русияро баррасӣ кардаанд.
Дар байни нафароне, ки бояд кушта мешуданд, номи Дмитрий Киселев, Олга Скабеева, Евгений Попов, Маргарита Симонян ва Тигран Кеосаяян низ зикр шудааст.