https://sputnik.tj/20220425/smm-ukraini-kishvarhoi-digar-panoh-1047933409.html
СММ: Беш аз 5 миллион украинӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд
СММ: Беш аз 5 миллион украинӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кардааст, ки аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина тақрибан 5 миллиону 200 ҳазор нафар ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд
2022-04-25T15:50+0500
2022-04-25T15:50+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
смм
паноҳанда
дар русия
амалиёт
гуреза
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046579508_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_429495c091c6a58df90739b4f9174f30.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Комиссари олии паноҳандагони СММ қайд кардааст, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, то кунун ҳудуди панҷ миллион украинӣ ин кишварро тарк карда ва умдатан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд.Масъулини СММ мегӯяд, дар моҳи апрел як миллиону 151 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки дар моҳи март ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар хориҷ ва ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда буданд.Гуфта мешавад, ки аксари оворагон аз Украина дар Лаҳистон паноҳгоҳ ёфтаанд.Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.Бо гузашти ду моҳ аз оғози ҷанги Украина ва шиддат гирифтани вайронӣ дар ин кишвар раванди фирори мардум ба манотиқи марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220422/smm-nametavonad-naslkushi-ukrainaro-tasdiq-1047871412.html
https://sputnik.tj/20220411/rusiya-smm-ighvo-kiev-ukraina-khabardor-1047559281.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046579508_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_90717fd875939b94915d0f4b6bcc34f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, украина, овора, паноҳанда, амалиёти вижа
смм, украина, овора, паноҳанда, амалиёти вижа
СММ: Беш аз 5 миллион украинӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд
15:50 25.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кардааст, ки аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина тақрибан 5 миллиону 200 ҳазор нафар ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Комиссари олии паноҳандагони СММ қайд кардааст, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, то кунун ҳудуди панҷ миллион украинӣ ин кишварро тарк карда ва умдатан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд.
Масъулини СММ мегӯяд, дар моҳи апрел як миллиону 151 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.
Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки дар моҳи март ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар хориҷ ва ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки аксари оворагон аз Украина дар Лаҳистон паноҳгоҳ ёфтаанд.
Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Бо гузашти ду моҳ аз оғози ҷанги Украина ва шиддат гирифтани вайронӣ дар ин кишвар раванди фирори мардум ба манотиқи марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.