https://sputnik.tj/20220422/smm-nametavonad-naslkushi-ukrainaro-tasdiq-1047871412.html
СММ наметавонад наслкушӣ дар Украинаро тасдиқ намояд
СММ наметавонад наслкушӣ дар Украинаро тасдиқ намояд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки маълумоте, ки наслкуширо дар Украина тасдиқ кунад вуҷуд надорад
2022-04-22T20:40+0500
2022-04-22T20:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
смм
насл
қатл
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/16/1046997520_0:103:3275:1945_1920x0_80_0_0_32d20824b83312631081d333e0bb7990.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Равина Шамдасани, сухангӯи дафтари Кумиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, дафтари Кумиссариёи олии СММ дар умури ҳуқуқи башар ҳич маълумоте дар бораи наслкушии эҳтимолӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина дар даст надорад.Шамдасани дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Мо ҳич далеле надорем, ки ба наслкушӣ ишора кунад".Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220420/smm-oghoz-amaliyot-rusiya-ukraina-tark-1047811183.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/16/1046997520_271:0:3002:2048_1920x0_80_0_0_7b5adf9d5103f8c0539a7242fc58998f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, смм, наслкушӣ, тасдиқ, маълумот
украина, смм, наслкушӣ, тасдиқ, маълумот
СММ наметавонад наслкушӣ дар Украинаро тасдиқ намояд
20:40 22.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Намояндаи расмии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, маълумоте, ки наслкуширо дар Украина тасдиқ кунад вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Равина Шамдасани, сухангӯи дафтари Кумиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, дафтари Кумиссариёи олии СММ дар умури ҳуқуқи башар ҳич маълумоте дар бораи наслкушии эҳтимолӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина дар даст надорад.
Шамдасани дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Мо ҳич далеле надорем, ки ба наслкушӣ ишора кунад".
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.