Русия СММ-ро аз иғвоҳои омоданамудаи Киев дар Украина хабардор кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗдание ООН в Нью-Йорке, архивное фото
Здание ООН в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Русия ба Созмони Миллали Муттаҳид маълумот дар бораи иғвоҳоеро, ки Киев дар Украина омода карда истодааст, супорид
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Русия маълумот дар бораи иғвоҳоеро, ки Киев барои Украина омода мекунад, ба СММ супурд. Дар ин бора Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи Федератсияи Русия дар СММ хабар дод.

"Танҳо дар рӯзҳои ахир мо ба СММ дар бораи иғвоҳои навбатии оянда маълумот додем", - гуфт Полянский дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони байнулмилалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла кашфи марҳилаи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар рустои Раковкаи наздикии Киев аз ин даста иттилоот аст.
"Хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ қаблан вориди шаҳри Кременная шуданд. Ҳадафи онҳо сабт кардани як иғвои омодакардаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо тирборон кардани мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки беморонро аз ҷониби артиши гӯё Русия интиқол медоданд, аст", - гуфт дипломат.
Полянский қайд намуд, дар деҳаи Белогоровка канал минагузорӣ шудааст ва ҳангоми ба шаҳр наздик шудани милисаи ҶМЛ таркондани онҳо пешбинӣ мешавад.
Зимнан дар шаҳри Ирпини вилояти Киев як сенарияи монанд ба Буча сурат хоҳад гирифт. Миллатгароёни украинӣ тасмим доранд, ҷасади шаҳрвандони аз тири тӯпхона кушташударо аз сардхонаи бемористони шаҳрии кӯчаи Полевая ба таҳхонаи яке аз биноҳои канори шарқии шаҳр оварда партояд.
Ба гуфтаи Полянский, Федератсияи Русия мунтазири он аст, ки расонаҳои ғарбӣ маводи видеоиро аз ин иқдоми саҳнавӣ паҳн кунанд.
Разбитая техника ВСУ в районе Северодонецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия урдӯгоҳи пойгоҳи "Сектори рост"* дар Донетскро тахриб карданд
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо онлайнӣ низ баргузор мешаванд.
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Барои Ғалаба бар Русия Олмон бо тақдири иқтисоди худ бозӣ мекунад
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк дохиланд.
Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лаврову Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
Дар Истанбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯ ба рӯ баргузор шуд, ки дар пайи он аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0