https://sputnik.tj/20220425/senatori-rus-taloshi-kiev-payvastan-nato-muzokirot-1047946772.html
Сенатори рус: Талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайримкон месозад
Сенатори рус: Талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайримкон месозад
Sputnik Тоҷикистон
Як сенатори Шӯрои Федератсияи Русия бар он аст, ки талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайриимкон месозад
2022-04-25T20:10+0500
2022-04-25T20:10+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
нато
сенатор
пайвастан
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102924/62/1029246260_0:84:2908:1719_1920x0_80_0_0_ee91179171dbb56f2b90d8acb7501ec6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сергей Тсеков, сенатор аз минтақаи Қрим, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия гуфт, даст накашидани мақомоти Киев аз иқдоми пайвастшавӣ ба НАТО мунҷар ба қатъи музокирот хоҳад шуд.Қаблан Руслан Стефанчук, раиси парлумони Украина (Рада) гуфта буд, ки Украина бандҳои мавҷуд дар Қонуни Асосӣ дар бораи талоши пайвастан ба НАТО-ро тағйир намедиҳад."Чунин изҳорот ба раванди музокирот халал мерасонад. Акнун мо аз нақшаву ва ниятҳои воқеии режими Киев огаҳӣ гирифтем. Хуб аст, ки онҳо дар Киев ҳақиқатро гуфтанд. Ман пештар ҳам шак доштам, ки онҳо аз пайвастан ба НАТО даст мекашанду ба низозудоӣ ва ғайринизомисозӣ оғоз мекунанд", - гуфт Тсеков ба РИА "Новости".Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ бояд то охир амалӣ шаванд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220425/stefanchuk-ukraina-talosh-uzviyat-nato-1047932370.html
https://sputnik.tj/20220424/muovini-vaziri-itoliyo-vazi-ukraina-zaifshavii-avrupo-1047916796.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102924/62/1029246260_145:0:2729:1938_1920x0_80_0_0_b7d254c1c00491d2fb33d5f3520f1d0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, киев, украина, сенатори рус, нато, узвият, пайвастан
русия, киев, украина, сенатори рус, нато, узвият, пайвастан
Сенатори рус: Талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайримкон месозад
20:10 25.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Як сенатори Шӯрои Федератсияи Русия бар он аст, ки талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайриимкон месозад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сергей Тсеков, сенатор аз минтақаи Қрим, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия гуфт, даст накашидани мақомоти Киев аз иқдоми пайвастшавӣ ба НАТО мунҷар ба қатъи музокирот хоҳад шуд.
Қаблан Руслан Стефанчук, раиси парлумони Украина (Рада) гуфта буд, ки Украина бандҳои мавҷуд дар Қонуни Асосӣ дар бораи талоши пайвастан ба НАТО-ро тағйир намедиҳад.
"Чунин изҳорот ба раванди музокирот халал мерасонад. Акнун мо аз нақшаву ва ниятҳои воқеии режими Киев огаҳӣ гирифтем. Хуб аст, ки онҳо дар Киев ҳақиқатро гуфтанд. Ман пештар ҳам шак доштам, ки онҳо аз пайвастан ба НАТО даст мекашанду ба низозудоӣ ва ғайринизомисозӣ оғоз мекунанд", - гуфт Тсеков ба РИА "Новости".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ бояд то охир амалӣ шаванд.
"Чунин ба назар мерасад, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа таслими Украина аст", - таъкид кард сенатори рус.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.