https://sputnik.tj/20220424/muovini-vaziri-itoliyo-vazi-ukraina-zaifshavii-avrupo-1047916796.html
Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад
Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири пешини ҳукумати Итолиё зимни як суҳбати худ таъкид кардааст, ки вазъи Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои аврупоӣ шавад
2022-04-24T20:30+0500
2022-04-24T20:30+0500
2023-10-02T17:11+0500
итолиё
таҳримҳо
вазъ
иқтисод
дар русия
аврупо
дар ҷаҳон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039531861_0:6:3501:1975_1920x0_80_0_0_ccea70f823427651d124013eaef85ac3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мишел Герачи, муовини вазири пешини рушди иқтисодии Итолиё гуфт, вазъ дар Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои Аврупо шавад, зеро ба иқтисодиёт хисороти ҷиддӣ мерасад.“Мо таҳримҳо дар бахши энержиро бо назардошти он ҷорӣ мекунем, ки ба иқтисоди Русия зиён расонида шавад. Аммо таҳримҳо ба иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо зиёни бештар мерасонанд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Синхуа".Ба гуфтаи Герачи, Итолиё, Олмон ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар вазъияти душвор қарор хоҳанд гирифт.Муовини собиқи вазир муътақид аст, ки таҳримҳо самаранок нестанд."Барои ҳалли ин мушкилот мо бояд бо Русия бо роҳи дипломатия кор кунем. Мо бояд на танҳо тарафи Киевро шунавем, балки ба назари Маскав ҳам бояд гӯш бидиҳем”, - таъкид кард вай.Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд.Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русия тарк мекунанд ва корхонаҳои истеҳсолии худро мебанданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид қарор доранд, аммо Русия ҳама мушкилоти иқтисодиеро, ки Ғарб барои эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220424/luashenko-kishvarhoi-hamsoya-fazoi-dusti-zindagi-1047914704.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039531861_378:0:3109:2048_1920x0_80_0_0_d4d979acd21022000106d0c9ff38ab50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, таҳримҳо, украина, итолиё, вазъ, заифшавӣ
аврупо, таҳримҳо, украина, итолиё, вазъ, заифшавӣ
Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад
20:30 24.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Муовини вазири пешини Ҳукумати Итолиё зимни як суҳбати худ таъкид кардааст, ки вазъи Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои аврупоӣ шавад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мишел Герачи, муовини вазири пешини рушди иқтисодии Итолиё гуфт, вазъ дар Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои Аврупо шавад, зеро ба иқтисодиёт хисороти ҷиддӣ мерасад.
“Мо таҳримҳо дар бахши энержиро бо назардошти он ҷорӣ мекунем, ки ба иқтисоди Русия зиён расонида шавад. Аммо таҳримҳо ба иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо зиёни бештар мерасонанд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Синхуа".
Ба гуфтаи Герачи, Итолиё, Олмон ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар вазъияти душвор қарор хоҳанд гирифт.
"Мо ҳама корро нодуруст мекунем. Мо маҳдудиятҳои содиротро ҷорӣ мекунем, ки танҳо ба мо зиён мерасонад", - афзуд ӯ.
Муовини собиқи вазир муътақид аст, ки таҳримҳо самаранок нестанд.
"Барои ҳалли ин мушкилот мо бояд бо Русия бо роҳи дипломатия кор кунем. Мо бояд на танҳо тарафи Киевро шунавем, балки ба назари Маскав ҳам бояд гӯш бидиҳем”, - таъкид кард вай.
Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд.
Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русия тарк мекунанд ва корхонаҳои истеҳсолии худро мебанданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид қарор доранд, аммо Русия ҳама мушкилоти иқтисодиеро, ки Ғарб барои эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.