https://sputnik.tj/20220425/stefanchuk-ukraina-talosh-uzviyat-nato-1047932370.html
Стефанчук: Украина аз талошаш барои узвият ба НАТО даст намекашад
Стефанчук: Украина аз талошаш барои узвият ба НАТО даст намекашад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумони Украина ахиран эълон кардааст, ки Украина аз сарқонунаш банди талоши кишвараш барои узвият ба НАТО-ро лағв нахоҳад кард
2022-04-25T15:00+0500
2022-04-25T15:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
конститутсия
нато
узвият
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042728196_0:0:2263:1273_1920x0_80_0_0_e5426f8145bd7d737607b19bb9a0aa19.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Руслан Стефанчук, раиси Рада (парлумон)-и Украина гуфт, кишвараш бандҳои марбути пайвастани ин кишвар ба НАТО-ро тағйир нахоҳад дод.Моҳи март раиси парлумони Украина дар барномаи шабакаи телевизионии Украина "1+1" изҳор дошт, ки имкон дорад, дар Конситутсияи ин кишвар дар робита ба пайвастани кишвар ба НАТО тағйирот ворид карда шавад.Стефанчук дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Украинская правда" дар посух ба суол дар бораи он ки оё Украина банди талош барои пайвастан ба НАТО-ро аз Қонуни Асосӣ хориҷ мекунад ё на, гуфт: "Мо намехоҳем. Тағйир додани Конститутсия мақсади мо нест ва нахоҳад буд".Қаблан Владимир Мединский, раҳбари ҳайати Русия дар музокирот бо Киев гуфта буд, ки Украина аслан ба талаботи Русия дар бораи пайваст нашудан ба НАТО ва даст кашидан аз истиқрори пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишвар розигӣ додааст.Парлумони Украина моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун тағйирот ворид кард ва аз мақоми ғайриблокии давлат даст кашид.Моҳи феврали соли 2019 парлумони Украина ислоҳот ба Конститутсияро қабул кард, ки роҳи ин кишварро барои пайвастан ба ИА ва НАТО-ро муайян мекунад. Украина шашумин кишваре аст, ки мақоми шарик бо имкониятҳои васеи НАТО-ро гирифтааст.Владимир Зеленский рӯзи 15 март гуфт, вақти он расидааст, ки Киев бояд эътироф намояд, ки Украина ҳеҷ гоҳ узви НАТО нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220424/muovini-vaziri-itoliyo-vazi-ukraina-zaifshavii-avrupo-1047916796.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042728196_106:0:2081:1481_1920x0_80_0_0_e8af45cb066abd14c03194d1b548a744.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, нато, рада, талош, сарқонун, узвият
русия, украина, нато, рада, талош, сарқонун, узвият
Стефанчук: Украина аз талошаш барои узвият ба НАТО даст намекашад
15:00 25.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раиси парлумони Украина ахиран эълон кардааст, ки ин Киев аз сарқонунаш банди талоши ин кишвар барои узвият дар НАТО-ро лағв нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Руслан Стефанчук, раиси Рада (парлумон)-и Украина гуфт, кишвараш бандҳои марбути пайвастани ин кишвар ба НАТО-ро тағйир нахоҳад дод.
Моҳи март раиси парлумони Украина дар барномаи шабакаи телевизионии Украина "1+1" изҳор дошт, ки имкон дорад, дар Конситутсияи ин кишвар дар робита ба пайвастани кишвар ба НАТО тағйирот ворид карда шавад.
Стефанчук дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Украинская правда" дар посух ба суол дар бораи он ки оё Украина банди талош барои пайвастан ба НАТО-ро аз Қонуни Асосӣ хориҷ мекунад ё на, гуфт: "Мо намехоҳем. Тағйир додани Конститутсия мақсади мо нест ва нахоҳад буд".
Қаблан Владимир Мединский, раҳбари ҳайати Русия дар музокирот бо Киев гуфта буд, ки Украина аслан ба талаботи Русия дар бораи пайваст нашудан ба НАТО ва даст кашидан аз истиқрори пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишвар розигӣ додааст.
Парлумони Украина моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун тағйирот ворид кард ва аз мақоми ғайриблокии давлат даст кашид.
Моҳи феврали соли 2019 парлумони Украина ислоҳот ба Конститутсияро қабул кард, ки роҳи ин кишварро барои пайвастан ба ИА ва НАТО-ро муайян мекунад. Украина шашумин кишваре аст, ки мақоми шарик бо имкониятҳои васеи НАТО-ро гирифтааст.
Владимир Зеленский рӯзи 15 март гуфт, вақти он расидааст, ки Киев бояд эътироф намояд, ки Украина ҳеҷ гоҳ узви НАТО нахоҳад шуд.