https://sputnik.tj/20220425/rubl-dollar-evro-somoni-qurb-asor-tojikiston-1047919820.html
Болоравии рублу доллару евро ва коҳиши сомонӣ: қурби асъор дар Тоҷикистон
Болоравии рублу доллару евро ва коҳиши сомонӣ: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии кишвар ба таҳкими мавқеъи рубл дар баробари сомонӣ шурӯъ кард ва қурби пули русиро боз дар сатҳи баланд қарор дод
2022-04-25T09:25+0500
2022-04-25T09:25+0500
2022-04-25T11:41+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_5a71155b93c606ec4bc294de43abc990.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қурби рубл дар Тоҷикистон дар баробари пули миллӣ пас аз рӯзҳои истироҳат боз боло рафт.Ҳамин тавр, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 25 апрел арзиши ҳазор рубл то 160 сомонӣ боло рафтааст. Ин нишондиҳанда дар баробари ду рӯз қабл ду сомонӣ бештар аст.Бояд гуфт, ки чунин тасвири арзӣ бо рубл барои муҳоҷирини тоҷик судманд аст. Чӣ қадаре ки арзиши мубодилавии пули русӣ баланд бошад, ҳамон қадар ба гирандагони он муфид аст.Дар мавриди доллар бошад, он низ каме боло рафтааст. БМТ ҳар долларро 12,5057 сомонӣ муқаррар кардааст.Як евро 13,55 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло ҳам дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад, аммо як ҳафтаи ахир тадриҷан ба боло меравад.Бонкҳои тиҷории кишвар низ, арзиши рублро дар баробари БМТ қарор додаанд.Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ муайян намудааст.Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст."Алиф бонк" бошад қурби рубли русиро зимни харид 140 сомонӣ ва зимни фурӯш 162 сомонӣ муқаррар намудаст.Коршинос сабабҳои устувории рублро шарҳ додДар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220415/uft-jahish-iqtisoddon-aprel-rubl-1047671086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_950c55439e0372694df79342226d60ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл доллар евро сомонӣ қурб асъор тоҷикистон
рубл доллар евро сомонӣ қурб асъор тоҷикистон
Болоравии рублу доллару евро ва коҳиши сомонӣ: қурби асъор дар Тоҷикистон
09:25 25.04.2022 (Навсозишуда: 11:41 25.04.2022) Бонки миллии кишвар ба таҳкими мавқеи рубл дар баробари сомонӣ шуруъ кард ва қурби пули русиро боз дар сатҳи баландтар қарор дод
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қурби рубл дар Тоҷикистон дар баробари пули миллӣ пас аз рӯзҳои истироҳат боз боло рафт.
Ҳамин тавр, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 25 апрел арзиши ҳазор рубл то 160 сомонӣ боло рафтааст. Ин нишондиҳанда дар баробари ду рӯз қабл ду сомонӣ бештар аст.
Бояд гуфт, ки чунин тасвири арзӣ бо рубл барои муҳоҷирини тоҷик судманд аст. Чӣ қадаре ки арзиши мубодилавии пули русӣ баланд бошад, ҳамон қадар ба гирандагони он муфид аст.
Дар мавриди доллар бошад, он низ каме боло рафтааст. БМТ ҳар долларро 12,5057 сомонӣ муқаррар кардааст.
Як евро 13,55 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло ҳам дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад, аммо як ҳафтаи ахир тадриҷан ба боло меравад.
Бонкҳои тиҷории кишвар низ, арзиши рублро дар баробари БМТ қарор додаанд.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ муайян намудааст.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
"Алиф бонк" бошад қурби рубли русиро зимни харид 140 сомонӣ ва зимни фурӯш 162 сомонӣ муқаррар намудаст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.