Рустам Хоҷаев пас аз нокомии "Хуҷанд" истеъфо дод

Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Сармураббии тими "Хуҷанд"-и Хуҷанд, дорандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон пас аз нокомии дастааш аз мақомаш истеъфо дод.
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рустам Хоҷаев, сармураббии тими "Хуҷанд" ва аз мутахассисони шинохтаи футбол баъди шикасти ахири дастааш аз ССКА-и Душанбе аз мақомаш истеъфо дод.
Ин нахустин мавриди истеъфо дар мавсими нави футбол аст.
"Рустам Хоҷаев аз мақоми мураббигии даста истеъфо дод. "Хуҷанд" аз тайғирот дар ҳайати мураббиёни бошгоҳ хабар медиҳад", - омадааст дар иттилоияи расмии тим.
Роҳбарияти бошгоҳ ба Хоҷаев барои фаъолияташ изҳори ташаккур кардааст.
Ёдовар мешавем, рақобати "Хуҷанд" ва ССКА дар даври чоруми мусобиқоти "Coca-Cola" - Қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор р шуд, ки он бо ҳисоби 1:2, ба фоидаи меҳмонон поён ёфт.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барпо гашта, голи ягонаи "Хуҷанд"-ро Кароматулло Саидов ва ду голи ССКА-ро Абдулло Шарифов ва Хуршед Абдуллоев ба ҳадаф расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи ССКА таҳти раҳбарии мутахассиси эронӣ Амини Субҳонӣ дар оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 пайи ҳам севумин пирӯзӣ ба даст овард.
Шоҳрух Қирғизбоев - дарвозабони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
Ёдовар мешавем, Рустам Хоҷаев ба "Хуҷанд" январи 2021 омада буд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани ӯ ба раҳбарии даста баромад.
Ӯ 49 сол дошта, солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0