https://sputnik.tj/20220415/futbol-komissariyat-darvozabon-khujand-1047667707.html
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони комиссарияти ҳарбӣ, Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони клуби футболи “Хуҷанд” ва тими миллиро бегоҳии рӯзи 14 апрел аз майдони футбол ба бинои комиссарият бурдаанд
2022-04-15T13:31+0500
2022-04-15T13:31+0500
2022-04-15T18:53+0500
футболбоз
қувваҳои мусаллаҳ
артиш
дар тоҷикистон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047667245_0:0:1075:605_1920x0_80_0_0_69d68fadde3cbf8f9ce438c3fcce2c03.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Кормандони комиссариати ҳарбӣ Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони клуби футболи “Хуҷанд” ва тими миллиро бегоҳии 14 апрел аз майдони футбол ба бинои комиссариат бурдаанд.Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки Қирғизбоев ҳамроҳи ҳамдастаҳояш дар майдони футбол тамрин мекард. Мурод Умаров, директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд” иттифоқ афтодани ин ҳолатро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард. "Шоҳрух ҳамроҳи ҳамдастагонаш дар варзишгоҳи "20 солагии истиқлолият" дар Хуҷанд машғули тамрин буд ва дар ин ҳангом кормандони низомӣ ӯро гирифта, ба бинои комиссариат бурдаанд. Хушбахтона, дар комиссариат фаҳмидаанд, ки дарвозабон ҳанӯз донишҷӯ аст ва ӯро раҳо кардаанд", - гуфт ӯ.Мурод Умаров иброз намуд, ки дарвозабони дастааш донишҷӯи курси 3-юми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст. Шоҳрух Қирғизбоев, аз дарвозабонҳои маъруфи кишвар гуфта мешавад, ки тибқи равзанаи гузариш, тобистони гузашта аз тими “Истиқлол” ба ҳайати дастаи “Хуҷанд” пайваст. Ин ҳолати нав нест, ки варзишгарон иҷборан ба бинои комиссариат бурда мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта варзишгар Бобохон Мирзозодаро як рӯз пеш аз сафараш ба мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд ба хидмати сарбозӣ бурданд. Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки номи Мирзозодаро Федератсияи самбои Тоҷикистон дар қатори 14 варзишгари дигар ворид намуда буд ва ӯ бояд рӯзи 11 ноябр барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар мекард. Аммо як рӯз қабл аз сафари ҳайати варзишгарони тоҷик ба шаҳри Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд Бобохон Мирзозодаро аз хонаи истиқоматиаш, аз Хуҷанд гирифта ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Писари як мақоми "Роҳи оҳан" хидмати сарбозӣ меравад: фарзандони мансабдорони дигар чӣ?Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо хабарҳо дар расонаҳо дар бораи "облава" ё “сарбозшикор” ҳар сол нашр мешаванд. Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту писарони афроди мансабдор аз он парҳез мекунанд. Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар зимни раванди даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанде қабл дар ҷаласае бахшида ба солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуда буд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд.
https://sputnik.tj/20220415/fano-dedovshina-raiszoda-parlumon-artishgurezi-1047660605.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047667245_0:0:1075:807_1920x0_80_0_0_34a9d6f57f1ae86f05cf645f67ad4c56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дарвозабон, “хуҷанд”, майдони футбол, комиссарият
дарвозабон, “хуҷанд”, майдони футбол, комиссарият
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
13:31 15.04.2022 (Навсозишуда: 18:53 15.04.2022) Эксклюзив
Ин ҳолати нав нест, ки варзишгарон иҷборан ба бинои комиссариат бурда мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта ҳодисаи монанд бо варзишкор - Бобохон Мирзозода рух дода буд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Кормандони комиссариати ҳарбӣ Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони клуби футболи “Хуҷанд” ва тими миллиро бегоҳии 14 апрел аз майдони футбол ба бинои комиссариат бурдаанд.
Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки Қирғизбоев ҳамроҳи ҳамдастаҳояш дар майдони футбол тамрин мекард.
Мурод Умаров, директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд” иттифоқ афтодани ин ҳолатро дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
"Шоҳрух ҳамроҳи ҳамдастагонаш дар варзишгоҳи "20 солагии истиқлолият" дар Хуҷанд машғули тамрин буд ва дар ин ҳангом кормандони низомӣ ӯро гирифта, ба бинои комиссариат бурдаанд. Хушбахтона, дар комиссариат фаҳмидаанд, ки дарвозабон ҳанӯз донишҷӯ аст ва ӯро раҳо кардаанд", - гуфт ӯ.
Мурод Умаров иброз намуд, ки дарвозабони дастааш донишҷӯи курси 3-юми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.
Шоҳрух Қирғизбоев, аз дарвозабонҳои маъруфи кишвар гуфта мешавад, ки тибқи равзанаи гузариш, тобистони гузашта аз тими “Истиқлол” ба ҳайати дастаи “Хуҷанд” пайваст.
Ин ҳолати нав нест, ки варзишгарон иҷборан ба бинои комиссариат бурда мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта варзишгар Бобохон Мирзозодаро як рӯз пеш аз сафараш ба мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд ба хидмати сарбозӣ бурданд.
Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки номи Мирзозодаро Федератсияи самбои Тоҷикистон дар қатори 14 варзишгари дигар ворид намуда буд ва ӯ бояд рӯзи 11 ноябр барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар мекард.
Аммо як рӯз қабл аз сафари ҳайати варзишгарони тоҷик ба шаҳри Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд Бобохон Мирзозодаро аз хонаи истиқоматиаш, аз Хуҷанд гирифта ба хидмати ҳарбӣ бурданд.
Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо хабарҳо дар расонаҳо дар бораи "облава" ё “сарбозшикор” ҳар сол нашр мешаванд.
Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту писарони афроди мансабдор аз он парҳез мекунанд.
Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар зимни раванди даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанде қабл дар ҷаласае бахшида ба солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуда буд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд.