Вазири хориҷаи Австрия ба узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо мухолифат кард

© Sputnik / МИД РФ / Гузариш ба медиабонкАлександр Шалленберг
Александр Шалленберг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Австрия муқобили вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо шудааст. Ӯ мегӯяд, роҳи дигари наздикшавии Киев ва Брюссел вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Брюссел ҳанӯз набояд Украинаро ба Иттиҳодияи Аврупо қабул кунад. Дар ин бора рӯзномаи "Heute" бо такя ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Австрия Александр Шалленберг навиштааст.
Ба эътиқоди ӯ, бояд роҳи чандирии ҳамкориро пайдо кард, ки маънои узвияти комили Украина дар Иттиҳодияи Аврупоро надорад.

"Ба ғайр аз узвияти комил созишномаи ассотсиатсия ва ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо бояд модели нави ҳамкорӣ таҳия карда шавад", - гуфт сиёсатмадор.

Ҳамзамон вай аз Балкани Ғарбӣ ёдовар шуда афзуд, ки барои ворид шудан ба Иттиҳодияи Аврупо роҳи тӯлониро тай кардааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 28 феврал ариза дар бораи пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард. Тақрибан дарҳол пас аз ин парлумони Аврупо аз қатънома дар бораи додани мақоми кишвари номзад ба он ҷонибдорӣ кард.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0