https://sputnik.tj/20220424/antonov-vashington-kor-saforat-rusiya-amriko-mamnu-1047911853.html
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Амрико мегӯяд, кори сафорати Русия дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеъ мешавад. Ӯ гуфт, замоне ҳатто баромад аз сафорат баста шуд
2022-04-24T16:20+0500
2022-04-24T16:20+0500
2022-04-26T18:07+0500
дар русия
анатолий антонов
сиёсат
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_46740553b1ae6ce5b9c61743216be9e0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад."Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.Қаблан сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кистанд – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.Бисёре аз кишварҳо аз боздоштани дороиҳои Русия хабар доданд ва даъватҳо барои коҳиши вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шуд.Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220324/safiri-amriko-rusiya-umedvori-ravobiti-maskavu-vashington-1047051430.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_7ed01ec898690470921697aeef4f367f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
антонов сафир русия вашингтон монеъагӣ
антонов сафир русия вашингтон монеъагӣ
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
16:20 24.04.2022 (Навсозишуда: 18:07 26.04.2022) Сафири Русия дар Амрико мегӯяд, кори сафорат дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеагузорӣ мешавад. Ӯ гуфт, замоне ҳатто дари баромад аз сафорат баста шуд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад.
"Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.
Қаблан сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кистанд – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
"Ҳанӯз мутмаинам, ки мо бояд шарик бошем. Пештар мегуфтам, ки шарик ҳастем. Ҳоло шарик нестем. Афсӯс", - зикр намуда буд Антонов.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.
Бисёре аз кишварҳо аз боздоштани дороиҳои Русия хабар доданд ва даъватҳо барои коҳиши вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.