Шарҳи Теҳрон дар бораи моҷарои марзии Эрону Афғонистон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти Эрон дар тамосе, ки ахиран бо толибон доштаанд, таъкид кардаанд, масъалаҳои марзӣ бояд дар чорчӯби Кумиссиюнии олии марзии ду кишвар ҳаллу фасл шаванд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон дар бораи таниши марзии ахир гуфт, толибон иқдом ба ҷодасозии бидуни ҳамоҳангии қаблӣ дар маҳдудаи марзии Дуғорун ва нақзи марз кард, ки марзбонии Эрон монеъ шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Дар тамосе, ки бо Вазорати кишвар ва дифои толибон сурат гирифт, таъкид шуд, ки мавзуъ дар чорчӯби Комиссиюни олии марзӣ ва барузрасонии асноди ду кишвар ҳаллу фасл шавад”, афзуд Козимии Қумӣ.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ин таниш пас аз он сурат гирифт, ки нерӯҳои марзии толибон қасди эҳдоси ҷода дар минтақаи марзии ду кишварро доштанд.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Вазири хориҷаи Эрон: Шиносоии толибон вобаста ба ташкили давлати фарогир аст
Гуфта мешавад, ки толибон бо мухолифати нерӯҳои марзбони Эрон рӯ ба рӯ шуданд.
Ин иқдоми Эрон бо муқовимати нерӯҳои толибон мувоҷеҳ шуд ва пас аз баҳсу мунозираи ду тараф ба ҳолати омодабош даромаданд.
Ҳамзамон расонаҳо хабар доданд, ки феълан марзӣ Исломқаъла то иттилои сонавӣ баста шуда ва нерӯҳои амниятии толибон ба самти марз дар ҳаракат ҳастанд.
Мақомоти толибон то кунун дар бораи ин ҳодиса вокунише накардаанд.
Пас аз ин таниш миёни марзбонони ду кишвар ҳоло марзи Исломқаъла, наздик ба Ҳироти Афғонистон баста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0