https://sputnik.tj/20220414/eron-shinosoii-tolibon-vobasta-tashkili-davlati-farogir-1047648385.html
Вазири хориҷаи Эрон: Шиносоии толибон вобаста ба ташкили давлати фарогир аст
Вазири хориҷаи Эрон: Шиносоии толибон вобаста ба ташкили давлати фарогир аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Эрон ахиран гуфтааст, ки кишвараш шиносоии ҳукумати сарпарасти толибонро вобаста ба ташкили давлати фарогир дар Афғонистон медонад
2022-04-14T18:10+0500
2022-04-14T18:10+0500
2022-04-14T19:19+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
эътироф
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_0:404:2923:2048_1920x0_80_0_0_322156d6b37294351c7ce77ffcf14dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ин изҳоротро дар як нишасти хабарии муштарак бо Фавод Ҳусейн, вазири умури хориҷии Ироқ дар Теҳрон матраҳ кардааст.Вазири хориҷаи Эрон афзуд, бо ҳамтои ироқии худ дар бораи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон гуфтугӯ кардааст.Амирабдуллоҳиён ёдовар шуд, ки ду рӯз пеш дар назди сафорати Эрон дар Кобул ва консулгарии генералии ин кишвар дар Ҳирот як ҳодисаи нохуше рух дод.Вай гуфт, ахиран ҷамъи бузурге аз мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон бо ҳузур дар муқобили намояндагиҳои Эрон бо эҳдои гул ба коркунони мо ва тақдими гул ба сохтмонҳои дипломатик ва амокини дипломатии Эрон дар Афғонистон талош карданд, нишон диҳанд, душманони муштараки ду миллати Эрону Афғонистон қодир нахоҳад буд, ки бо тавтеаафканӣ боиси буруз мушкилот ва ноамнӣ дар масоили муштараку равобити ду кишвар шаванд.Ҳукумати фарогир яке аз шартҳои эътирофи ҳукумати толибон барои кишварҳои дигар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ҳукумате, ки ҳашт моҳ боз дар Кобул мустақар аст, аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онро эътироф накардааст. Мубориза бо терроризм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар шартҳои дигари эътирофи ҳукумати толибон аз тарафи кишварҳои дигар аст.
https://sputnik.tj/20220414/bonki-markazii-afghoniston-mahdudiyat-pardokhti-maoshoti-laghv-1047629854.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_ae7836e3ab6b56f738ca30635fe4055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, эътироф, давлати фарогир, афғонистон
толибон, эътироф, давлати фарогир, афғонистон
Вазири хориҷаи Эрон: Шиносоии толибон вобаста ба ташкили давлати фарогир аст
18:10 14.04.2022 (Навсозишуда: 19:19 14.04.2022) Вазири хориҷаи Эрон ахиран гуфтааст, ки кишвараш шиносоии ҳукумати сарпарасти толибонро вобаста ба ташкили давлати фарогир дар Афғонистон медонад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ин изҳоротро дар як нишасти хабарии муштарак бо Фавод Ҳусейн, вазири умури хориҷии Ироқ дар Теҳрон матраҳ кардааст.
Вазири хориҷаи Эрон афзуд, бо ҳамтои ироқии худ дар бораи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
“Мо тарафдори ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми ақвоми Афғонистон ҳастем”, - гуфт ӯ.
Амирабдуллоҳиён ёдовар шуд, ки ду рӯз пеш дар назди сафорати Эрон дар Кобул ва консулгарии генералии ин кишвар дар Ҳирот як ҳодисаи нохуше рух дод.
Вай гуфт, ахиран ҷамъи бузурге аз мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон бо ҳузур дар муқобили намояндагиҳои Эрон бо эҳдои гул ба коркунони мо ва тақдими гул ба сохтмонҳои дипломатик ва амокини дипломатии Эрон дар Афғонистон талош карданд, нишон диҳанд, душманони муштараки ду миллати Эрону Афғонистон қодир нахоҳад буд, ки бо тавтеаафканӣ боиси буруз мушкилот ва ноамнӣ дар масоили муштараку равобити ду кишвар шаванд.
"Мо ҳамчунон эътирофи мақоми муваққати Ҳукумати Афғонистонро шарти ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар медонем", - гуфт Амирабдуллоҳиён.
Ҳукумати фарогир яке аз шартҳои эътирофи ҳукумати толибон барои кишварҳои дигар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ҳукумате, ки ҳашт моҳ боз дар Кобул мустақар аст, аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онро эътироф накардааст. Мубориза бо терроризм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар шартҳои дигари эътирофи ҳукумати толибон аз тарафи кишварҳои дигар аст.