https://sputnik.tj/20220424/rahmon-prezident-mughuliston-barqiya-1047909869.html
Раҳмон ба президенти Муғулистон барқия фиристод
Раҳмон ба президенти Муғулистон барқия фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба муносибати 30 - юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Муғулистон ба ҳамтои муғули худ барқия ирсол кард
2022-04-24T14:50+0500
2022-04-24T14:50+0500
2022-04-25T12:53+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
муғулистон
барқия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047263506_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_829e81a553ba060ec49e6abf66ee8e6f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ барқияи табрикотӣ ирсол каррд.Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дода, матни табрикоти кишвардори Тоҷикистонро нашр намудааст.Дар номаи табрик аз ҷумла омадааст: "Ҷаноби Олӣ, фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро самимона табрик мегӯям".Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намудааст, ки дар тӯли се даҳаи сипаришуда Тоҷикистону Муғулистон бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, ҳоло ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.Роҳбари Тоҷикистон ба ҳамтои худ сиҳатмандӣ ва ба мардуми он кишвар сулҳу субот таманно кард.Манбаъ меафзояд, кишвардори Муғулистон низ ба ин муносибат ба Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намудааст. Дар нома зикр гардидааст, ки Муғулистон аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон барои минбаъд ғанӣ гардондани муносибатҳои ду кишвар умедвор аст.Ҷаноби Хурэлсух ба Эмомалӣ Раҳмон комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намуд.
https://sputnik.tj/20220423/rahmon-tahdidi-jahoniyon-1047891735.html
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047263506_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_9b8636caca940272604512962aae4d6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон муғулистон президент барқия
эмомалӣ раҳмон муғулистон президент барқия
Раҳмон ба президенти Муғулистон барқия фиристод
14:50 24.04.2022 (Навсозишуда: 12:53 25.04.2022) Кишвардори Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Муғулистон ба ҳамтои муғули худ барқия ирсол кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ барқияи табрикотӣ ирсол каррд.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дода, матни табрикоти кишвардори Тоҷикистонро нашр намудааст.
Дар номаи табрик аз ҷумла омадааст: "Ҷаноби Олӣ, фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро самимона табрик мегӯям".
Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намудааст, ки дар тӯли се даҳаи сипаришуда Тоҷикистону Муғулистон бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, ҳоло ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
"Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии созанда бо Муғулистон дар заминаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад", - омадааст дар мактуби Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон ба ҳамтои худ сиҳатмандӣ ва ба мардуми он кишвар сулҳу субот таманно кард.
Манбаъ меафзояд, кишвардори Муғулистон низ ба ин муносибат ба Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намудааст. Дар нома зикр гардидааст, ки Муғулистон аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон барои минбаъд ғанӣ гардондани муносибатҳои ду кишвар умедвор аст.
Ҷаноби Хурэлсух ба Эмомалӣ Раҳмон комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намуд.