https://sputnik.tj/20220423/rahmon-tahdidi-jahoniyon-1047891735.html
Раҳмон таҳдиди асосӣ ба ҷаҳониёнро гуфт
Раҳмон таҳдиди асосӣ ба ҷаҳониёнро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари давлат дар бораи яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори он аст, сухан ронда, хостори ҳалли фаврии он шуд
2022-04-23T14:00+0500
2022-04-23T14:00+0500
2022-04-25T19:54+0500
эмомалӣ раҳмон
об
дар тоҷикистон
смм
об барои рушди устувор, 2018-2028
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_0:66:799:515_1920x0_80_0_0_8969c5562a503f25c1d8c78471209a29.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои расидан ба рушди устувор дар масъалаи таъмини об нокифоя хонд.Ӯ зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнусия гуфт, "таҳлилҳо нишон медиҳанд, бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар қисмати об хеле мушкил мебошад".Президент гуфтааст, ки таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.Чунин ҳолат, ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд ва дар доираи ин раванд пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.Ҳамин тариқ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ аввалин конфронс дар доираи Даҳсолаи нави амал "Об барои рушди устувор" баргузор гардид. Дувумин чунин чорабинӣ аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мешавад. Илова бар ин Раҳмон аз конфронси оби СММ, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад, ёдовар шуд. Сарвари давлат ширкаткунандагони ҳамоишро ба конфронси Душанбе бахшида ба омодагӣ ба чорабинии дар боло зикршуда даъват намуд. Дар охир Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон якҷо бо кишварҳои шарик минбаъд низ пешсафиву иродати сиёсии худро фаъолона идома хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20210304/obshavi-piryakh-Pomir-navor-1032944347.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_44:0:753:532_1920x0_80_0_0_28643b884c5faab52deca8cf3a34505e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон таҳдид ҷаҳон об
Раҳмон таҳдиди асосӣ ба ҷаҳониёнро гуфт
14:00 23.04.2022 (Навсозишуда: 19:54 25.04.2022) Сарвари давлат дар бораи яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори он аст, сухан ронда, хостори ҳалли фаврии он шуд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои расидан ба рушди устувор дар масъалаи таъмини об нокифоя хонд.
Ӯ зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнусия гуфт, "таҳлилҳо нишон медиҳанд, бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар қисмати об хеле мушкил мебошад".
Президент гуфтааст, ки таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.
Чунин ҳолат, ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.
"Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад", - афзуд ӯ.
Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд ва дар доираи ин раванд пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.
Ҳамин тариқ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ аввалин конфронс дар доираи Даҳсолаи нави амал "Об барои рушди устувор" баргузор гардид. Дувумин чунин чорабинӣ аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мешавад.
Илова бар ин Раҳмон аз конфронси оби СММ, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад, ёдовар шуд.
Сарвари давлат ширкаткунандагони ҳамоишро ба конфронси Душанбе бахшида ба омодагӣ ба чорабинии дар боло зикршуда даъват намуд.
Дар охир Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон якҷо бо кишварҳои шарик минбаъд низ пешсафиву иродати сиёсии худро фаъолона идома хоҳад дод.