https://sputnik.tj/20220424/luashenko-kishvarhoi-hamsoya-fazoi-dusti-zindagi-1047914704.html
Лукашенко аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд
Лукашенко аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки сулҳро бо тамоми масъулит ҳифз кунандт ва дар фазои дӯстӣ зиндагӣ намоянд
2022-04-24T18:50+0500
2022-04-24T18:50+0500
2022-04-25T12:14+0500
беларус
дар ҷаҳон
дӯстӣ
александр лукашенко
ҳамсоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047912832_0:0:2761:1554_1920x0_80_0_0_0bf27f3f0d6be129a6f35f1410b70447.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсояаш даъват кард, ки “дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд”, иттилоъ додааст Sputnik Беларус."Биёед, сулҳро ҳифз намоем. Ин муҳим аст. Ман мехоҳам пеш аз ҳама ба ҳамсоягони худ муроҷиат кунам: биёед, якҷоя дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунем", - гуфт ӯ.Лукашенко ахиран дар яке аз калисоҳои шаҳри Копис дар маросими Пасха иштирок кард.Раисҷумҳури Беларус қайд кард, ки дар ин рӯз мардум аз Худо чизи асосӣ – сулҳу оромӣ, дӯстӣ, рафоқатро талаб мекунанд, ки ҳамеша хоҳиши хоси мардуми Беларус буд.Ёдрас мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои Ғарб алайҳи Русия ва Беларус таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Мақомоти ду кишвар эълон карданд, ки ба таҳримҳои Ғарб пешакӣ омодагӣ гирифта буданд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220424/antonov-vashington-kor-saforat-rusiya-amriko-mamnu-1047911853.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047912832_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cde5032500e1d3bac7d67cd23f671a62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус, кишварҳои ҳамсоя, даъвааат, дӯстӣ, александр лукашенко, сулҳ
беларус, кишварҳои ҳамсоя, даъвааат, дӯстӣ, александр лукашенко, сулҳ
Лукашенко аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд
18:50 24.04.2022 (Навсозишуда: 12:14 25.04.2022) Раисҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки сулҳро бо тамоми масъулит ҳифз кунанд ва дар фазои дӯстӣ зиндагӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсояаш даъват кард, ки “дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд”, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.
"Биёед, сулҳро ҳифз намоем. Ин муҳим аст. Ман мехоҳам пеш аз ҳама ба ҳамсоягони худ муроҷиат кунам: биёед, якҷоя дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунем", - гуфт ӯ.
Лукашенко ахиран дар яке аз калисоҳои шаҳри Копис дар маросими Пасха иштирок кард.
Раисҷумҳури Беларус қайд кард, ки дар ин рӯз мардум аз Худо чизи асосӣ – сулҳу оромӣ, дӯстӣ, рафоқатро талаб мекунанд, ки ҳамеша хоҳиши хоси мардуми Беларус буд.
Ёдрас мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои Ғарб алайҳи Русия ва Беларус таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Мақомоти ду кишвар эълон карданд, ки ба таҳримҳои Ғарб пешакӣ омодагӣ гирифта буданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.