Сафири Амрико дар Русия умедвори эҳёи равобити хуби Маскаву Вашингтон аст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПервый заместитель госсекретаря США Джон Салливан
Первый заместитель госсекретаря США Джон Салливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Сафири Амрико дар Русия изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити Маскаву Вашингтон дар ояндаи наздик рӯ ба беҳбудӣ меорад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ҷон Салливан, сафири ИМА дар Русия гуфт, Вашингтон ва Маскав дар ниҳоят равобити ду кишварро ба ҳолати муқаррарӣ бармегардонанд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Вай гуфт, ин раванд шояд базудӣ сурат нагирад, аммо ин кор ҳатман сурат хоҳад гирифт.
"Ман умуман пешгӯӣ карда наметавонам, аммо як пешгӯӣ мекунам: дар ниҳоят, русҳо ва амрикоиҳо муносибатҳои муқаррариро барқарор хоҳанд кард. Шояд имсол не, шояд дар оянда, аммо ин ҳатман рух медиҳад. Ман умедворам, ки то он лаҳза зиндагӣ кунам", - гуфт ин дипломат дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Новая газета".
Ёдовар мешавем, равобити Амрико ва Русия тай чанд соли сард шуда буд. Амрико алайҳи Русия таҳримҳои сангин эъмол кард. Бахусус як бастаи таҳримҳои сангин ахиран ИМА бар зидди Русия барои амалиёти вижаин ин кишвар дар Украина ҷорӣ кард.
Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Столтенберг боз барои як соли дигар роҳбари НАТО хоҳад буд
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0