Пеш аз рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон қурби рубл боз боло рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты номиналом один рубль
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Бонки миллии кишвар ба таҳкими мавқеи рубл дар баробари сомонӣ шуруъ кард ва қурби пули русиро боз дар сатҳи баланд қарор дод
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Қурби рубл дар Тоҷикистон дар баробари пули миллӣ қабл аз рӯзҳои истироҳат дубора боло рафт.
Ҳамин тавр, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, то 25 апрел арзиши ҳазор рубл то 160 сомонӣ боло рафтааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯз қабл ду сомонӣ бештар аст.
Бояд гуфт, ки чунин тасвири арзӣ бо рубл барои муҳоҷирини тоҷик судманд аст. Чӣ қадаре ки арзиши мубодилавии пули русӣ баланд бошад, ҳамон қадар ба гирандагони он муфид аст.
Дар мавриди доллар бошад, он то ҳол бетағйир аст. БМТ ҳар долларро 12,50 сомонӣ муқаррар кардааст.
Як евро 13,55 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло ҳам дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад.
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Уфт ё ҷаҳиш? Иқтисоддон гуфт, ки то охири моҳи апрел бо рубл чӣ мешавад
Бонкҳои тиҷории кишвар низ, арзиши рублро дар баробари БМТ қарор додаанд.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160 - 161 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 160 сомонӣ муайян намудааст.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Коршинос сабабҳои устувории рублро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0