Раҳмон бо муовини дабири кулли СММ мубориза бо терроризмро баррасӣ кард

© Хадамоти матбуотии ВУХ ҶТМулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков
Мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф  бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи терроризм якҷо мубориза мебаранд. Масъалаи мазкур дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикисттон Юсуф Раҳмон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини дабири кулли СММ, роҳбари дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи "Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025" ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намудаанд.
Инчунин дар рафти мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ баррасӣ шудааст.
Дар ин росто иқдомҳои муштарак дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм низ муҳокима шудааст.
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Парлумон аз Раҳмон хост, пеши иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳоро гирад
Ин дар ҳолест, ки Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо қабули як қарор назди Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дар робита ба як иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳо вазифа гузошт.
Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон додситони кулл вазифадор шуд, ки якҷоя бо мақомоти зирабт иштироки шаҳрвандони кишварро дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо пешгирӣ намояд.
Ҳамчунин додситони кул муваззаф шуд, ки ҳар нимсола аз иҷрои қарори мазкур ба Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод намояд.
Лентаи хабарҳо
0