https://sputnik.tj/20220322/parlumon-ishtirok-tojikistoniyon-jangho-kishvarho-peshgiri-1046997081.html
Парлумон аз Раҳмон хост, пеши иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳоро гирад
Парлумон аз Раҳмон хост, пеши иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳоро гирад
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудаст, ки мубориза бо шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳаракатҳои ғайриқонуниро пурзӯр намояд
2022-03-22T20:40+0500
2022-03-22T20:40+0500
2022-03-22T20:40+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қарор
юсуф раҳмон
додситон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/31/1030623177_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_64ba77ed6b09e3f25a454f4509e80b35.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо қабулли як қарор назди Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ як қатор вазифаҳо гузоштааст. Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон додситони кул вазифадор шудааст, ки якҷоя бо мақомоти зирабт иштироки шаҳрвандони кишварро дар фаъолияти гуруҳҳои ҷиноӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо пешгирӣ намояд. "Якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешад", - омадааст дар ин қарор. Додситони кулл муваззаф шудааст, ки ҳар нимсола аз иҷрои қарори мазкур ба Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод намояд. Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди афроде, ки таълимоти террористиро дар Сурия ва Ироқ гирифта, ба кишварҳои ИДМ баргаштаанд, изҳор дошт, пайваста табодули иттилоъ бо мақомоти дигар давлатҳо сурат мегираду амалиёти боздошти муттаҳамон гузаронда мешавад.Ба иттилои вазир, соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистиро боздошт кардаанд, ки дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд. Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд.Раҳимзода афзуд, 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар будаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шуданд.
https://sputnik.tj/20220319/odamkush-tajovuz-nomus-jinoyatkori-tojikiston-1046928933.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/31/1030623177_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_c5bafaec17ecc7b10068d0313bf5e337.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парлумон, шаҳрвандон, ҷанг, хориҷӣ, муқовимат
парлумон, шаҳрвандон, ҷанг, хориҷӣ, муқовимат
Парлумон аз Раҳмон хост, пеши иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳоро гирад
Додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудаст, ки мубориза бо вуруди шаҳрвандони кишвар ба ҳаракатҳои ғайриқонуниро пурзӯр намояд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо қабулли як қарор назди Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ як қатор вазифаҳо гузоштааст.
Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон додситони кул вазифадор шудааст, ки якҷоя бо мақомоти зирабт иштироки шаҳрвандони кишварро дар фаъолияти гуруҳҳои ҷиноӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо пешгирӣ намояд.
"Якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешад", - омадааст дар ин қарор.
Додситони кулл муваззаф шудааст, ки ҳар нимсола аз иҷрои қарори мазкур ба Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод намояд.
Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди афроде, ки таълимоти террористиро дар Сурия ва Ироқ гирифта, ба кишварҳои ИДМ баргаштаанд, изҳор дошт, пайваста табодули иттилоъ бо мақомоти дигар давлатҳо сурат мегираду амалиёти боздошти муттаҳамон гузаронда мешавад.
Ба иттилои вазир, соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистиро боздошт кардаанд, ки дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд. Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд.
Раҳимзода афзуд, 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар будаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шуданд.