https://sputnik.tj/20220422/polkovnik-amrikoi-nokomi-bayden-ukraina-fosh-1047858604.html
Полковники амрикоӣ нокомии нангини Байденро дар Украина фош кард
Полковники амрикоӣ нокомии нангини Байденро дар Украина фош кард
Sputnik Тоҷикистон
Рейтинги эътимод ба раиси Кохи Сафед поин рафтанро идома медиҳад: амрикоиҳо аз таҷрибаи сиёсати хориҷии президенти худ норозӣ ҳастанд
2022-04-22T12:25+0500
2022-04-22T12:25+0500
2023-10-02T17:11+0500
ҷо байден
има
сиёсат
дар ҷаҳон
вао
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047159954_0:111:2977:1785_1920x0_80_0_0_c5ea23e0f76d8fbc433d288d5b69306a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сиёсати раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар қиболи Украина ба нокомии шадид дучор шуд. Дар ин бора полковники мустаъфии амрикоӣ Вес Мартин дар мақолае дар "The Washington Post" изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи вай, талошҳои раиси Кохи сафед барои ҳалли низои Украина аз тариқи дипломатӣ натиҷаи мусбат надод. Мартин изҳороти раҳбари собиқи Хадамоти маркази иктишофии ин кишвар Майкл Мореллро, ки Байденро дар таҳрики Русия айбдор кард, хотиррасон намуд. Ҳамлаҳои норӯшан ва хашмгинона алайҳи раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз сӯйи раҳбари Амрико ихтилофоти миёни Маскав ва Вашингтонро боз ҳам шадидтар кардааст.Рейтинги президенти ИМА на танҳо аз сабаби нокомӣ дар Афғонистон ва Украина поин рафт, бовар дорад Мартин. Таҷрибаи сиёсати хориҷии Байден ба амрикоиҳо мутаассир нест. Таварруми рекордии 8,5-дарсадӣ ва якбора боло рафтани нархи нерӯи барқ маъруфияти ӯро боло намебарад.Қаблан шабакаи телевизионии NBC "News" омореро пешниҳод карда буд, ки тибқи он, беш аз 50 дарсади аҳолии ИМА ба оғози суқути дарозмуддати иқтисод дар Иёлоти Муттаҳида бовар доранд. Ин вазъият боиси аз даст додани роҳбарии Америка дар ҷаҳон мегардад.Ҳангоми посух додан ба суоле дар бораи қобилияти Байден дар вокуниши дуруст ба вазъи Украина танҳо 12%-и пурсидашудагон ба амалҳои раиси Кохи сафед изҳори бовари комил кардаанд. Ёдовар мешавем, ки рейтинги Байден ба ҳадди рекордӣ поин рафт. Ҳоло ҳамагӣ 33-41% амрикоиҳо ба ӯ бовар мекунанд.Ин бадтарин натиҷа дар муқоиса бо ҳамаи раҳбарони пешини ИМА мебошанд.
https://sputnik.tj/20220422/tramp-ima-khatar-1047855134.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047159954_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_11897e435335c59ff077bc37bee3df96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
полковники амрикоӣ нокомӣ байден украина
полковники амрикоӣ нокомӣ байден украина
Полковники амрикоӣ нокомии нангини Байденро дар Украина фош кард
12:25 22.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Рейтинги эътимод ба раиси Кохи сафед поин рафтанро идома медиҳад: амрикоиҳо аз таҷрибаи сиёсати хориҷии президенти худ норозӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сиёсати раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар қиболи Украина ба нокомии шадид дучор шуд. Дар ин бора полковники мустаъфии амрикоӣ Вес Мартин дар мақолае дар "The Washington Post" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, талошҳои раиси Кохи сафед барои ҳалли низои Украина аз тариқи дипломатӣ натиҷаи мусбат надод.
Мартин изҳороти раҳбари собиқи Хадамоти маркази иктишофии ин кишвар Майкл Мореллро, ки Байденро дар таҳрики Русия айбдор кард, хотиррасон намуд.
Ҳамлаҳои норӯшан ва хашмгинона алайҳи раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз сӯйи раҳбари Амрико ихтилофоти миёни Маскав ва Вашингтонро боз ҳам шадидтар кардааст.
"Касри сафед ба ҷои нигоҳ доштани роҳи иртиботӣ бо Кремл ҳама пулҳоро сӯзонда истодааст, ба монанди СССР дар замони буҳрони мушакии Куба тавассути сафир Анатолий Добринин", - қайд кардааст муаллифи матлаби "The Washington Post".
Рейтинги президенти ИМА на танҳо аз сабаби нокомӣ дар Афғонистон ва Украина поин рафт, бовар дорад Мартин.
Таҷрибаи сиёсати хориҷии Байден ба амрикоиҳо мутаассир нест. Таварруми рекордии 8,5-дарсадӣ ва якбора боло рафтани нархи нерӯи барқ маъруфияти ӯро боло намебарад.
Қаблан шабакаи телевизионии NBC "News" омореро пешниҳод карда буд, ки тибқи он, беш аз 50 дарсади аҳолии ИМА ба оғози суқути дарозмуддати иқтисод дар Иёлоти Муттаҳида бовар доранд. Ин вазъият боиси аз даст додани роҳбарии Америка дар ҷаҳон мегардад.
Ҳангоми посух додан ба суоле дар бораи қобилияти Байден дар вокуниши дуруст ба вазъи Украина танҳо 12%-и пурсидашудагон ба амалҳои раиси Кохи сафед изҳори бовари комил кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рейтинги Байден ба ҳадди рекордӣ поин рафт. Ҳоло ҳамагӣ 33-41% амрикоиҳо ба ӯ бовар мекунанд.
Ин бадтарин натиҷа дар муқоиса бо ҳамаи раҳбарони пешини ИМА мебошанд.