https://sputnik.tj/20220419/lavrov-marhila-nav-amaliyot-ukraina-1047775571.html
Лавров: Марҳилаи нави амалиёти вижа дар Украина оғоз мешавад
Лавров: Марҳилаи нави амалиёти вижа дар Украина оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷониби Украина иқдоми неки Маскавро, ки ҳузури нерӯҳоро аз Киеву Чернигов баргардонд, ба таври лозимӣ қадр накард
2022-04-19T18:35+0500
2022-04-19T18:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
сергей лавров
мусоҳиба
амалиёт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046295217_0:138:3151:1910_1920x0_80_0_0_97c0af731294157658cb743bd7b4753c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Марҳилаи навбатии амалиёти низомии Русия дар Украина оғоз мешавад, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР Сергей Лавров. Ӯ дар мусоҳиба бо "India Today" гуфт, марҳилаи нав фурсати муҳиме дар амалиёти низомии Русия дар Украина хоҳад буд. Лавров таъкид кард, ки агар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои иҷрои тавофуқоти Минск талош мекард, буҳронро кайҳо ҳал кардан мумкин буд. Вай афзуд, ки "Ғарб ба Зеленский хиёнат" ва аз ӯ алайҳи Русия истифода кард. Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин зикр кард, Маскав пас аз мулоқот дар Истанбул "шеваи ҳузури низомиро дар Украина" тағйир дод, аммо Киев онро қадр накард."Азбаски онҳо пешниҳодҳое карданд, ки метавонистанд асоси созишномаро ташкил диҳанд, мо ҳамчун як иқдоми нек конфигуратсияи нерӯро дар вилоятҳои Чернигов ва Киев тайғир додем, аммо шумо медонед, ки ин қадр карда нашуд. Ба ивази ин дар Буча намоишнома ташкил карданд", - гуфт вазир. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220419/lavrov-rusiya-rezhim-ukraina-taghyir-1047772104.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046295217_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_c5f88aaa38d92e172c8002031555b5d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марҳила, нав, амалиёт, украина, оғоз
марҳила, нав, амалиёт, украина, оғоз
Лавров: Марҳилаи нави амалиёти вижа дар Украина оғоз мешавад
18:35 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷониби Украина иқдоми неки Маскавро, ки ҳузури нерӯҳоро аз Киеву Чернигов баргардонд, ба таври лозимӣ қадр накард
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Марҳилаи навбатии амалиёти низомии Русия дар Украина оғоз мешавад, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР Сергей Лавров.
Ӯ дар мусоҳиба бо "India Today" гуфт, марҳилаи нав фурсати муҳиме дар амалиёти низомии Русия дар Украина хоҳад буд.
"Ҳадафи амалиёт дар шарқи Украина, тавре ки аллакай эълон шуда буд, ин озодкунии комили ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск мебошад. Марҳилаи навбатии ин амалиёти вижа ҳоло оғоз мешавад ва ба фикрам, фурсати муҳиме хоҳад буд", - гуфт вазир.
Лавров таъкид кард, ки агар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои иҷрои тавофуқоти Минск талош мекард, буҳронро кайҳо ҳал кардан мумкин буд.
Вай афзуд, ки "Ғарб ба Зеленский хиёнат" ва аз ӯ алайҳи Русия истифода кард.
Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин зикр кард, Маскав пас аз мулоқот дар Истанбул "шеваи ҳузури низомиро дар Украина" тағйир дод, аммо Киев онро қадр накард.
"Азбаски онҳо пешниҳодҳое карданд, ки метавонистанд асоси созишномаро ташкил диҳанд, мо ҳамчун як иқдоми нек конфигуратсияи нерӯро дар вилоятҳои Чернигов ва Киев тайғир додем, аммо шумо медонед, ки ин қадр карда нашуд. Ба ивази ин дар Буча намоишнома ташкил карданд", - гуфт вазир.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.