Чӣ гуна метавон аз мард алимент талаб кард, агар дар Русия бошад: посухи ҳуқуқшинос

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске
Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Байни Тоҷикистон ва Русия конвенсияҳои Минск ва Кишинёв имзо шудаанд, ки дар асоси онҳо, аз ҷумла метавон аз шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия аст, алимент талаб кард
ДУШАНБЕ, 20 апр —Sputnik. Шояд кам заноне, ки шавҳаронашон дар Русия қарор доранду бо ин ё он баҳона оиларо таъмин намекунанд, донанд, ки аз онҳо метавон алимент ситонид. Дар ҳоле ки ҳатто ақди никоҳи давлатии эшон бекор нашуда бошад.
Тавре оморҳо нишон медиҳанд, чунин бонувон кам нестанд ва танҳо ба Кумитаи занон дар соли 2021 42 ҷинси латиф муроҷиат кардааст, ки шавҳаронашон дар хориҷ ҳамсари дигар гирифта, оиларо таъмин намекунад.
Коршинос, ҳомии ҳуқуқ Зуҳро Муборова ҳузури хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, чӣ гуна қонун чунин мардонро маҷбур мекунад, ки фарзандонашонро таъмин кунанд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Муфтии Тоҷикистон: Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо камбизоатист
Ба қавли ин коршинос, ин масъала дар асоси Конвенсияи Минск ва Конвенсияи Кишинёв танзим мешавад. Яъне ҳамсар бо талаби алимент метавонад чӣ ба додгоҳи Русия ва Тоҷикистон муроҷиат кунад.

“Ин ду ҳуҷҷати байналмилалӣ мазмунан ҳар ду ҳам қариб якхела мебошанд. Онҳо дар расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ ва оилавӣ мусоидат мекунанд”,- тавзеҳ медиҳад вай.

Алимент барои таъмини зан?

Дар ҳамин ҳол таъкид мекунад Муборова, ки зан новобаста аз он ки аз шавҳараш расман ҷудо шудааст ё не, ҳуқуқи талаби алиментро дорад.

“Аз ҷумла агар кӯдаки то сесола дошта бошад, ҳақ дорад, барои худаш ва барои фарзандони ноболиғаш алимент дархост кунад”, - мегӯяд ҳуқуқшинос.

Ҳамин тавр агар мард шаҳрванди Русия бошад ва зан суроғаи дақиқии сабти иқомати ӯро донад, метавонад ба додгоҳи он кишвар муроҷиат кунад.
Агар не, бидуни мушкилӣ дар Тоҷикистон ба додгоҳ меравад ва ариза менависад.
Замглавы Минтруд РТ встретился с представителем МВД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Русияву Тоҷикистон қазияи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиринро баррасӣ карданд
Бархе бонувон намедонанд, ки шавҳаронашон дар куҷо кор мекунанд ё исбот карда наметавонанд.
“Дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирон расман кор намекунанд, он гоҳ каме мушкил аст. Аммо ба ҳар ҳол судҳо бо талаби даъвогар алимент гирифта медиҳанд. Масалан, додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷои кори муҳоҷир дар Русия дархост равон мекунанд”, - шарҳ медиҳад хонум Муборова.

Муҳим муроҷиат кунанд

Агар додгоҳ дар ин бора қарор содир кунад ва мард иҷро накунад, зан метавонад ба мақомоти иҷроияи судӣ муроҷиат намояд ва онҳо метавонанд вуруд ё хориҷ шудани мардро манъ кунанд.
“Мо дар қисми қонунгузорӣ қонунҳои хуб дорем, танҳо муҳим аст, ки занҳо аз ин ҳуқуқҳои худ истифода баранд”, - мегӯяд ҳуқуқшинос.
Агар мард аз тариқи Вазорати меҳнат ё ташкилотҳои марбут, аз тариқи созишнома ба кор рафта бошад, ин вазъиятро дучанд осон мекунад.
“Ҳатто Вазорати меҳнат дар доираи уҳдадориҳои худ метавонад ба ҷои кори муҳоҷир дархост равон кунад”, - таъкид мекунад ӯ.
Сумангул Тагаева министр труда и занятости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Тағойзода: Зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти асосии ҷаҳону Тоҷикистон аст
Зуҳро Муборова дар анҷом қайд мекунад, бо ин қисми бонувон, ки қабати осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ташкилотҳои ғайридавлатии зиёде дар Тоҷикистон кор мекунанд ва кӯмак мерасонанд.

“Дар ҷумҳурӣ мақомот байни худ ҳамкориҳои зич доранд ва агар зан ба сафорати Тоҷикистон дар Русия, консулгарӣ, Вазорати меҳнат ва дигар идораҳо муроҷиат кунад, онҳо дар доираи ваколатҳояшон кӯмак хоҳанд кард”, - таъкид мекунад вай.

Расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ бевосита дар доираи ваколати Вазорати адлия аст. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ бошанд, барномаҳое дар бораи ҳалли мушкили зӯроварӣ дар оила доранд, ки фаъолияти асосиашон ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон марбут аст.
Лентаи хабарҳо
0