https://sputnik.tj/20220317/rusiyavu-tojikiston-qaziyai-huquqi-oilahoi-muhojirinr-1046867861.html
Русияву Тоҷикистон қазияи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиринро баррасӣ карданд
Русияву Тоҷикистон қазияи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиринро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо дар ин самт тадбирҳои наву зарурӣ андешида мешавад
2022-03-17T13:51+0500
2022-03-17T13:51+0500
2022-03-17T17:10+0500
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳуқуқ
оилаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046867770_0:123:1025:699_1920x0_80_0_0_86db0ce4454e793b280d823df335b53a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин масъала дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, Дмитрий Демиденко баррасӣ шуд.Тавре Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо аз доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаро дар сатҳҳои гуногун барои беҳтар гардидани робитаҳои ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ карданд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот тарафҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилот дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Русияро баррасӣ карданд.“Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида шавад”, - зикр кард Каримҷон Салимзода.Инчунин номбурда илова кард, ки мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20220225/muloqot-rahmon-matvienko-1046255357.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046867770_0:0:957:718_1920x0_80_0_0_dfd51f8c2add80c399de79307457f7d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, оилаҳо, фарзандон, ҳуқуқ
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, оилаҳо, фарзандон, ҳуқуқ
Русияву Тоҷикистон қазияи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиринро баррасӣ карданд
13:51 17.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 17.03.2022) Мақомоти Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида шавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин масъала дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, Дмитрий Демиденко баррасӣ шуд.
Тавре Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо аз доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаро дар сатҳҳои гуногун барои беҳтар гардидани робитаҳои ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот тарафҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилот дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Русияро баррасӣ карданд.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида шавад”, - зикр кард Каримҷон Салимзода.
Инчунин номбурда илова кард, ки мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.