Муфтии Тоҷикистон: Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо камбизоатист

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пошхӯрии оилаҳоро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” мушкили асосии пошхӯрии оилаҳоро дар надоштани саводи кофӣ дар бораи занушавҳарӣ ё зиндагии шарикии ҷавонон медонад.
“Агар ҷавонон, чӣ писар ва ё чӣ духтар, маълумоти кофӣ дар бораи зиндагӣ, ҳикмати зиндагӣ, мақсад аз зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро дар сурати гирифтани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад”, - гуфтааст раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Вай илова карда, таҷрибаи бисёр кишварҳост, ки ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ вақти муайяне доир ба чӣ будани оила дониш меандӯзанд, ки як роҳи муассири пешгирии вайроншавии хонаводаҳост.
Саидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, тарафи дигари масъала ин камбизоатист.
“Аз муроҷиатҳои зиёде, ки ба муфтиёт мешаванд, бармеояд, ки бо андак масъалаҳои ҷузъӣ ҷудошавии оилаҳо ба назар мерасад”, - зикр кард муфтии Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки Маркази исломӣ соле чанд бор дар ин мавзуъҳо маъвизаҳое омода менамояд.
Тень от ребенка и родителя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Коҳиши хушунат дар оилаҳои тоҷик
“Фикр мекунам, ҳоло ҳам кам аст. Зеро забардастии давлат аз бомаърифатии оилаҳост”, - иброз дошт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Бар пояи иттилои Агентии омор, аз соли 2010 то оғози соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 1 миллиону 18 ҳазор ақди никоҳ сабт шуда, дар ин муддат зиёда аз 112 ҳазор оила пош хӯрдааст. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки сол ба сол пошхӯрии оилаҳо тамоюли болоравӣ дорад. Агар соли 2010 дар мамлакат 6019 ақди никоҳ бекор шуда бошад, пас ин рақам дар соли гузашта ба 13714 расида, ки беш аз ду баробар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0