Такя ба мардум - ваъдаи Қосим Роҳбар баъди таъйинаш ба раисӣ дар Ҳисор

© Sputnik / Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Қосим Роҳбар, раиси навтаъйини шаҳри Ҳисор нақшаҳои корашро барои солҳои оянда баён дошт
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Қосим Роҳбар, раиси навтаъйини Ҳисор гуфт, тайи ду соли оянда симои шаҳр комилан нав хоҳад шуд.
Шаҳрдори нав зимни нахустин нишасти матбуотияш дар ин мақом гуфт, бо бунёди биноҳои бисёрошёнаю инфрасохтори зарурӣ Ҳисор ба шаҳри муосир табдил меёбад.
Раис таъкид намудааст, ки бахшида ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ Ҳисор ба макони сайёҳию саноатӣ мубаддал меёбад. Роҳбар афзуд, зимни таҳияи нақшаҳо мақомоти давлатӣ ба фикру пешниҳодҳои сокинон такя мекунанд.
Маврид ба зикр аст, Қосими Роҳбар, яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки моҳи январи соли равон ба мақоми роҳбарӣ дар шаҳри Ҳисор таъйин гардид.
Ӯ ки қаблан шаҳрдори Хуҷанд ва баъдан тайи 10 сол, аз соли 1996 то 2006 роҳбари вилояти Суғд, то соли 2015 дар мақоми вазири кишоварзӣ буд ва тайи 7 соли охир роҳбарии Кумитаи рушди маҳаллии назди раисҷумҳурро ба уҳда дошт.
Ҳисор, ки соли 2016 мақоми шаҳрро соҳиб шуд, дар қисмати ғарбии Душанбе ҷойгир мебошад. Тибқи иттилои ҳукумати Ҳисор, соли гузашта маҷмуи маҳсулоти дохили шаҳр ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати рушдаш муодили 10% мебошад.
Лентаи хабарҳо
0