ЮНИСЕФ ба 94 дарсади муаллимони Афғонистон маош мепардозад

© REUTERS \ Zohra BensemraУченицы начальной школы Кабула во время урока
Ученицы начальной школы Кабула во время урока - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
ЮНИСЕФ эълом кардааст, ки ин созмон то ҳафтаи оянда маоши 94 дарсади муаллимон дар саросари Афғонистонро пардохт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Масъулони Вазорати маорифи ҳукумати толибон пас аз мулоқот бо тими фаннии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ эълом карданд, ки ин созмон то ҳафтаи оянда маоши 94 дарсади омӯзгорон дар саросари ин кишварро пардохт хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnuik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати маориф ахиран бо нашри як баёния гуфтааст, ки ЮНИСЕФ маоши 94 дарсади омӯзгоронро дар саросари кишвар тавассути суратҳисобҳои бонкӣ пардохт мекунад.
Музди меҳнате, ки ба омӯзгорон дода мешавад, тавре ки қаблан эълон шуда буд, ба андозаи 200 доллар хоҳад буд.
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Покистон аз Афғонистон талаб кард, ки ҳодисаҳои мусаллаҳона дар марзро қатъ кунад
Вазорат ба омӯзгороне, ки суратҳисоби бонкӣ надоранд, гуфтааст, аз ҳафтаи оянда дар мувофиқа бо шуъбаҳои молияи раёсатҳои маорифи вилоятҳо пас аз тарҳи як мехонизм ба онон маош тавзеъ хоҳад шуд.
Мақомоти толибон эълон карданд, маош ба муаллимоне пардохтмешавад, ки ахиран аз сӯйи Раёсати молӣ ва идораи Вазорати маорифи толибон сабти ном шудааст, на муаллимони хаёлӣ.
Вазорат гуфтааст, ки бо ЮНИСЕФ дар оянда як механизми пардохти маоши омӯзгоронро таъсис хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки пеш аз ин Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) масъулияти пардохти маоши омӯзгорон барои чанд моҳ дар Афғонистонро ба уҳда гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0