Покистон аз Афғонистон талаб кард, ки ҳодисаҳои мусаллаҳона дар марзро қатъ кунад

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Покистон дар баёнияе гуфтааст, Исломобод аз Кобул хостааст, ки амният дар марзи Покистону Афғонистонро таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазорати хориҷаи Покистон рӯзи душанбе аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, тирборон кардани марзбонони покистониро бас ва амният дар марзи ду кишварро таъмин кунад.

"Дар чанд рӯзи ахир ҳодисаҳо дар марзи Покистону Афғонистон, ки дар он ба нерӯҳои амниятии Покистон аз Афғонистон ҳамла мекунанд, афзоиши қобили мулоҳизае мушоҳида шудааст", - омадааст дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Покистон

Исломобод ва Кобул тайи чанд моҳи ахир барои таъмини ҳамоҳангии муассир ва амният дар марз бо ҳам кор мекунанд.
"Мутаассифона, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористии мамнуъ, аз ҷумла Таҳрики толибони Покистон* ҳамлаҳоро ба посгоҳҳои сарҳадии Покистон идома медиҳанд, ки дар натиҷа чанд нафар аз низомиёни покистонӣ кушта шудаанд" , - гуфт Вазорати корҳои хориҷӣ.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Нигаронии Покистон аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон
Ин ниҳод дар баёнияаш гуфтааст, Исломобод аз Кобул хостааст, ки марзи Покистону Афғонистонро ҳифз кунад ва алайҳи афроди дастдошта дар ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон чораҳои шадид андешад.
Рӯзи ҷумъа нерӯҳои ҳавоии Покистон дар вилояти Хусти Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода, то 44 нафарро куштанд.
Амирхон Муттақӣ, ки дар ҳукумати муваққати толибон иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи Афғонистон аст, дар ин робита ба ин қазияи маротиби эътирози худро ба сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмадхон супурд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0