Размоишҳои мунҳарифкунандаи ИМА ва Лаҳистон дар наздикии Калининград

© Sputnik / СтрингерЦеремония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Найрангҳо Пентагон дар Балтика, нерӯҳои Лаҳистону дигар моҳвораҳои ИМА ҳадафи дур кардани қувваҳои мусаллаҳи Русия аз майдони амалиёти низомии Украинаро доранд
Бо вуҷуди ин Маскав амалиёти вижа барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Киевро бо як контингенти маҳдуди низомӣ анҷом медиҳад. Сарҳадҳои назди Балтик ва дигар марзҳои Русия боэътимод ҳифз шудаанд ва “шарик”-ҳои ғарбӣ хеле сахтгиранд.
Дар омодагӣ ба паради ғалаба дар Маскав 11 000 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 воҳиди техникаи ҳарбӣ ба таври анъанавӣ ҷалб шудаанд, ки ин далел аз бисёр чизҳо шаҳодат медиҳад.
Рӯзи 17 апрел воҳидҳои нерӯҳои Лаҳистон ва Пентагон дар 70-километрии вилояти Калининград машқ оғоз карданд ва губернатор Антон Алихонов гуфт, ки Русия ба кӯшиши нерӯҳои НАТО барои ишғоли ин эксклав посухи асимметрӣ хоҳад дод. Калининградро ба ҳеҷ ваҷҳ муҳосира аз хушкӣ ва аз баҳр тахдид намекунад.
Пентагон дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои воқеии 5000 сарбози амрикоӣ, ки ба Лаҳистонфиристода шудаанд ва даҳҳо ҷангандаҳои F-15 ва F-16 хабар намедиҳанд. Кохи сафед гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ ба Русия таҳдид ва дар низои Украина ширкат намекунанд.
Зимние виды Калининграда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Калининград – ханҷаре дар миёни шонаҳои НАТО
Барои фаҳмидани мушкилоти амниятӣ, коршиносон пешниҳод мекунанд, ки масъалаи мушобеҳ ба ин, истиқрори ду дивизияи ҳавоии Русия дар Ванкувер ва Монреали Канада ва инчунин артиши 1-уми танкии Федератсияи Русия дар Монтеррейи Мексика баррасӣ шавад. Албатта, на ба муқобили ШМА, балки барои мустаҳкам намудани суботи минтақа.
15 апрел киштиҳои гурӯҳи 1-уми доимии вокуниши сареи баҳрии НАТО барои ширкат дар машқҳо дар соҳилҳои Эстония ва Русия ба қисмати шарқии баҳри Балтика расиданд. Иттифоқ ният дорад, ки дар рӯзҳои наздик "ҳузури иттифоқчиёнро дар минтақаи баҳри Балтика намоиш диҳад".
Ин гурӯҳ, ки аз шаш киштӣ иборат аст, аз ҷониби Комодор Ад ван де Санде аз Флоти Шоҳии Нидерландия роҳбарӣ мешавад. Киштиҳои Дания, Ҳолландия, Британияи Кабир, Канада бо мушакҳои куҳнаи зидди киштии “Ҳарпун”, ки то 150 километр бурд доранд, муҷаҳҳаз шудаанд. Новгурӯҳи олмонии “Эрфурт” дар ҳайати SNMG1 мушакҳои RBS15 Mk3-ро дар бар мегирад, ки барои нест кардани ҳадафҳои баҳрӣ ва заминӣ пешбинӣ шудаанд.
Киштиҳои НАТО дар баҳри Балтика барои ҷосусӣ ва иртиботот имкониятхои хуби техникӣ доранд. Қӯшунҳои Флоти ҳарбии баҳрии Эстония инчунин дар бораи машқҳои дарпешистодаи якҷояи қӯшунҳои пиёдагарди баҳрӣ, ки вазифаи асосии онҳо забт кардани соҳили душман мебошад, эълон карданд.
Флоти Балтикаи Русия бо сипоҳи истихбороти ҷойгиркунии постҳои фармондеҳиро таъсис доданд ва ҳуҷҷатҳои махфиро дар паси "душман" мусодира карданд.

Марафони зидди Русия

Қаблан дар осмони Эстония иттифоқчиён ва шарикони НАТО аз Белгия, Чехия, Фаронса, Олмон, Испания, Туркия, Британияи Кабир, Финландия ва Шветсия як ҳафтаи ҳамкории шадиди ҷангиро дар формати “Ramstein Alloy” анҷом дода буданд. "Сенарияҳои воқеӣ" тамрин шуданд.
Рӯзҳои 18 апрел то 27 май дар Латвия марҳилаи баҳории машқҳои густурдаи низомии “Namejs 2022” бо иштироки воҳидҳои НАТО ҷараён дорад. Ҳадафи умумӣ интегратсия, коркарди ҳамкории нерӯҳои миллӣ ва иттифоқчиён барои ҳалли мушкилоти мудофиа мебошад. Дар он воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Чехия, Лаҳистон, Британияи Кабир, Литва ва Эстония иштирок мекунанд.
Упаковка вооружения США для отправки на Украину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Тазйини "сели оҳан"-и НАТО дар Украина – ҳадаф ва васоили Русия
Рига танҳо бо "боздорӣ"-иРусия дар минтақаи Балтика маҳдуд намешавад. Вазорати дифои Латвия мустақиман "дар пирӯзии Украина саҳм мегузорад", он ба қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳавопаймоҳои бесарнишини истихборотӣ ва системаи дифои зиддиҳавоии "Стингер" ба маблағи беш аз 200 миллион евро ва мутахассисони украиниро барои идоракунии онҳо таълим медиҳад. Русия ҳама интиқоли силоҳ ба режими фашистии Киевро ба инобат мегирад ва кафолат дода мешавад, ки ба саҳми Латвия дар амнияти Аврупо посух диҳад.
Литва иҷрои ҳамаи лоиҳазои ҳарбиро тасреъ мекунад. Аз ҷумла, 14 апрел Сейми ин кишвар Қонуни тамрингоҳи Руднинкайро ба таври оҷил тасдиқ кард ва сохтмони инфраструктураи нав аллакай оғоз ёфт, дар он ҷо дарсҳо аз моҳи май cap мешаванд.
Тартиби гирифтани 48 қитъаи замини хусусӣ барои истифодаи давлатӣ оғоз шудааст. Қаблан тамрингоҳи шӯравии собиқ дар наздикии марзи Беларус ба эҳтиёҷоти нерӯҳои хориҷии НАТО мутобиқ карда мешуд.
Афзоиши ҳузури низомии Бритониё дар Балтика бо даъватҳо ба иттифоқ - ворид шудан ба муқовимати мустақим бо Русия дар Украина ҳамроҳ мешавад. Теъдоди ҷангандаҳои “МиГ-29” ва ҳавопаймоҳои ҳамлагари “Су-25” дар осмони Украина бавосита гувоҳӣ медиҳад, ки Лаҳистон аллакай талафоти зиёди низомӣ дидааст. Рӯзи 18 апрел Маскав тасдиқ кард, ки амалиёти вижа дар Украина тибқи нақша ҷараён дорад.
Соли гузашта Маркази таҳлилии нерӯҳои баҳрии ИМА (Маркази таҳлилҳои баҳрӣ) сенарияи “зарбаи пешгирикунанда” ба вилояти Калининградро таҳия карда буд, ки аз байн бурдани чаҳор ҷузъи асосии дифоъ – “Искандар”, киштиҳои мушакии Флоти Балтика, системаҳои мушакаии С-400 ва сипоҳи артишро шомил мешуд. Албатта, Русия ин ва дигар нақшаҳои “шарик”-ҳоро ба назар мегирад.
Военнослужащие народной милиции ДНР проводят зачистку Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
Сатҳи технологӣ, потенсиали зарбазанӣ ва ҷуғрофиё имкон намедиҳад, ки ИМА ва НАТО ниятҳои худро дар нисбати Федератсияи Русия амалӣ созанд. Намоиши иқтидори ҳарбии иттифоқ дар минтақаи Балтика — манёврхои пай дар паи қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва флот — унсури фишори ҳарбию сиёсӣ мебошанд. Дар асл таъсирбахш нест ва барои Русия таҳдиди ҷиддӣ эҷод намекунад. Дар акси ҳол манёврҳои паймон дар фазо ва замон хеле маҳдуд мешуданд. Бинобар ин хоҳиши Финландияи бетараф барои ба НАТО дохил шудан кафолат дода мешавад, ки ба амнияти ин мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Марафони бемаънии зидди Русияи Пентагон ва иттифоқ дар минтақаи Балтика ба "шарик"-ҳо муваффақияту пирӯзӣ ваъда намекунад, балки танҳо талафоту шикастҳои навро дар пай хоҳад дошт.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0