https://sputnik.tj/20220408/generali-eroni-jang-ukraina-kohishi-qudrat-amriko-nato-1047476543.html
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири олии фармондеҳи кулли артиши Эрон таъкид кард, ки ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо хоҳад шуд
2022-04-08T18:40+0500
2022-04-08T18:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
эрон
дар русия
нато
амрико
ҷанг
генерал
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046473525_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_e384e4078afd4d388e1f168fa5877038.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Генерали эронӣ Яҳё Раҳимии Сафавӣ, мушовири олии фармондеҳи кулли артиши Эрон гуфтааст, агар Амрико ва НАТО муваффақ ба пазируфтани Украина ба ин созмон мешуданд, Маскав ба таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мешуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".“Ин ҷанг сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Авурпо шудааст”, - қайд кард, генерал Раҳимӣ.Мушовири олии фармондеҳии кулли артиши Эрон ҳамчунин афзуд, ки ин ҷанг барои Русия, Амрико ва Аврупо ҳазинаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар пай доштааст.Ёдрас менамоем, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
https://sputnik.tj/20220325/sitodi-kull-amaliyoti-vizhai-rusiya-ukraina-idoma-1047082151.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046473525_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_0460d5742640f5f6effe93f7c85e2fcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, эрон, ҷангг, қудрат, амрико, нато, аврупо, генерали эронӣ
украина, эрон, ҷангг, қудрат, амрико, нато, аврупо, генерали эронӣ
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
18:40 08.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Мушовири олии фармондеҳии кулли артиши Эрон таъкид кард, ки ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Генерали эронӣ Яҳё Раҳимии Сафавӣ, мушовири олии фармондеҳи кулли артиши Эрон гуфтааст, агар Амрико ва НАТО муваффақ ба пазируфтани Украина ба ин созмон мешуданд, Маскав ба таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мешуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
“Ин ҷанг сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Авурпо шудааст”, - қайд кард, генерал Раҳимӣ.
Мушовири олии фармондеҳии кулли артиши Эрон ҳамчунин афзуд, ки ин ҷанг барои Русия, Амрико ва Аврупо ҳазинаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар пай доштааст.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.