Калининград – ханҷаре дар миёни шонаҳои НАТО

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкЗимние виды Калининграда
Зимние виды Калининграда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Нақшаҳои таҷовузкоронаи ИМА ва НАТО дар Аврупои Шарқӣ ба девори шикастнопазири иқтидори дифоии Русия бархӯрда истодаанд
Вашингтон ва Брюссел аз воқеияти муосир дур мешаванд. Сиёсати Ғарб нисбат ба Федератсияи Русия "шарикон"-ро ба худкушии геополитикӣ мебарад.
Амрикоиҳо ва шарикони аврупоии онҳо ба ҷои нақшаи созанда ва сохтории таҳкими амнияти ҷаҳонӣ бар асоси принсипҳои баробарии силоҳҳо, ки аз ҷониби Маскав пешниҳод шудаанд, вариантҳои саркӯби низомии Русияро, ки аз воқеият ҷудо шудаанд, дар ҷабҳаи васеъ аз Балтика то баҳри Сиёҳ таҳия мекунанд.
Иҷозат диҳед, параметрҳои ногузирро хотиррасон намоям: банди 17, Асосҳои сиёсат (стратегия)-и давлатии пешгирӣ аз силоҳи ҳастаӣ: "Федератсияи Русия ҳуқуқи истифодаи силоҳи ҳастаиро дар посух ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ ба муқобили он ва (ё) иттифоқчиёни он, инчунин дар сурати тачовуз ба ҶФР бо истифода аз яроқи мукаррарӣ ё дигар навъҳои силоҳи ҳастаӣ, вақте ки ба мавҷудияти давлат тахдид мекунад, нигоҳ медорад. Қарори истифодаи яроқи ядроиро президенти Федератсияи Русия қабул мекунад".
Военные учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию низомии Русия ва Осиёи Марказӣ дар соли 2021
Чунин ба назар мерасад, ки дар шароити кунунии шикасти кафолатнок дар ҳама гуна ҷанг бо Русия стратегҳо ва сиёсатмадорони ғарбӣ бояд ба таври осоишта як қадам ба ақиб ба макони амни НАТО то соли 1997 гузоранд ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези масъала шуруъ кунанд.
Бо вуҷуди ин чизе имкон намедиҳад, ки ба таври кофӣ ҷавоб дода шавад. Иёлоти Муттаҳида, ки дар моҳи августи соли 2021 аз толибони афғон зарбаи сахт гирифтааст, ҳоло талош дорад, ба Аврупои Шарқӣ "бозгардад"-у нерӯҳо, воситаҳои моҳвораҳо ва лимитрофҳоро барои ҷанг бо Русия, як абарқудрати ҳастаии дорои технологияи баланд сафарбар кунад.
Таҳлилгарони амрикоӣ нақшаҳои "безараргардонӣ"-и Калининградро аз ҷониби нерӯҳои Литва ва Лаҳистон таҳия мекунанд. Варшава ва Вилнюс тайёр нестанд, ки қаҳрамонона мубориза баранд ва барои манфиатҳои Вашингтон ҳалок шаванд.
Онҳо бартарӣ медиҳанд, ки бо изҳороти ҷангҷӯёна ва силоҳи сабуки сохти Амрико дар "фронти Украина" бидуни ворид шудан ба бархӯрди мустақими низомӣ бо Маскав ва Минск кумак кунанд.
Дар навбати худ режими заифи Киев умед дорад, ки амрикоиҳо ва аврупоиҳои ғарбиро ба ҷанг бо Русия ҷалб кунад. Чунин масхарабозӣ хатарнок аст ва метавонад боиси марги миллионҳо нафар дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо гардад.

"Имкониятҳои ноаён"

Рӯзҳои 19-21 январ як гурӯҳи коршиносони хориҷии НАТО дар Литва, дар ҳамсоягии вилояти Калинингради Русия кор карданд.
Шарикони аршад аз пешрафти системаи дифои миллӣ қадрдонӣ карда, аҳамияти афзоиши хароҷоти низомии Литваро то "беш аз 2 дарсади ММД" таъкид карданд.
Вазири мудофиа Арвидас Анусаускас чунин хулоса кард: "Литва қувваҳои мусаллаҳи худро хеле мустаҳкам кард... Армияи мо ба талабҳои НАТО ҷавоб медиҳад. Харидани яроқи ҳозиразамон ба онҳо имкониятҳои бемислу монанд ба амал овард".
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Русия соли 2021 дар Тоҷикистон ба таври рекордӣ тамринҳои низомӣ барпо кард
Дар асл Литва рушди майдонҳои таълимии худро бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои нерӯҳои иттифоқчӣ (хориҷӣ) идома медиҳад.
Имкониятхои бемислу монанди қувваҳои мусаллаҳ бе танк, нови мушакбар ва ҳавопаймоҳои таҳоҷумӣ муболиға аст.
Дар рейтинги ҷаҳонии қудрати низомӣ Литва аз миёни 140 кишвар ҷои 85-умро ишғол мекунад.
Дар қаноти шаркии НАТО қувваҳои мусаллаҳи миллӣ (16000 сарбоз) аз уҳдаи мустақилона хал намудани вазифаҳои ҷиддии ҷангӣ намебароянд.
Литва аз ҷиҳати фаннӣ қодир нест, ки ҳатто бо дастгирии артиши Лаҳистон бо чунин нерӯҳо ба вилояти Калининград ҳамла кунад.
Ҳама гуна кӯшиш аз ҷониби Русия дар соатҳои аввал пахш карда мешавад, инфрасохтори низомии кишвари таҷовузкор аз рӯи сенарияи "Гурҷистон"-и соли 2008 мунтазам аз ҳаво нобуд карда мешавад. Ҳеҷ кас кӯмак намекунад.
Гурӯҳҳои низомии Англия ва Фаронса дар Эстония, дар масофаи каме аз Санкт-Петербург қарор доранд, вале дар вазъияти задухӯрди мусаллаҳона қисматҳои пешрафтаи қӯшунҳои хориҷӣ пароканда мешаванд.
Калининград мисли кордест, ки дар байни китфҳои НАТО часпидааст.
Амнияти ҷамъӣ ва ҳамсояҳои Русия дар зери зарбаи Ғарб
Дар ин ҷо системаи зичи мудофиаи зиддиҳавоӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Флоти Балтика, бригадаҳои пуриқтидори мушакӣ, полкҳои ҳавоии таҳоҷумӣ ва сипоҳи артиш он ҷо ҷойгиранд.
Ба Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он иҷозат дода намешавад, ки тавозуни қудратро дар минтақаи Балтика тавассути истиқрори эҳтимолии системаҳои дифои ҳавоии “Patriot”, танкҳои M1 “Abrams” ва F-35 "ноаён" тағйир диҳанд.
Берлин, Стокҳолм ва Ҳелсинкӣ инро нағз мефаҳманд: олмониҳо ба ҷанг бо Русия шитоб намекунанд ва тайёр нестанд, ки ба Украина яроқу аслиҳа диҳанд, шведҳо ва финнҳо ба НАТО дохил шуданӣ нестанд.
Варшава ба таври лафзӣ чангчӯӣ мекунад, аммо дар ин маврид дудила аст, зеро "тамоми соҳили Русияро бригадаҳои мушакии боэътимод мухофизат мекунанд", киштихо ва ҳавопаймоҳоит таҳоҷумии рус душманро дар Аврупо зуд нобуд мекунанд.
Дар минтақаи Балтика НАТО метавонад танҳо ба фаъолияти низомии бидуни оқибатҳои ҷиддӣ иқдом кунад, аммо ҳатто ин "рақси шамшерҳо" ҳам барои он мамнуъ шуда истодааст.
Сарфи назар аз воҳимаи сунъӣ дар бораи "ҳуҷуми Русия" Пентагон аз иттифоқчиён дар бораи зиёд кардани ҳузури низомии ИМА дар Аврупо "дархости мушаххас" нагирифтааст.

Русия "шарик"-ҳоро ба сулҳ маҷбур мекунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия 21 январ гуфт, ки нерӯҳои низомии хориҷии НАТО бояд Булғористон ва Руминияро тарк кунанд.
Ин сигнали рӯшан ба кишварҳои соҳили Балтика ва ба нуҳ давлат (Маҷористон, Лаҳистон, Чехия, Словакия, Словения, Албания, Хорватия, Черногория, Македонияи Шимолӣ)-и дигар, ки баъд аз соли 1996 ба ин иттиҳод пазируфта шудаанд, комилан дахл дорад.
Пограничный пункт пропуска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод
Аҳамият диҳед, ки Русия ба истиқлол, қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ даъво намекунад ва танҳо дар бораи амнияти баробар ва тақсимнашаванда барои ҳама мегӯяд.
Вақте ки “Der Spiegel” дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии Русия ба ҷабҳаи васеи НАТО гузориш медиҳад, бояд фаҳмид, ки чунин вокуниш танҳо посух ба таҷовузи мустақим ё гибридии Иёлоти Муттаҳида ва паймон буда метавонад.
Масалан, нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия барои партоби мушакҳои амалӣ ва бомбаборонкунӣ дар наздикии Бритониё ва Ирландия омодагӣ мебинанд.
Дар ин замина вазири дифои Русия Сергей Шойгу ҳамтои бритониёии худ Бен Уоллесро ба Маскав даъват кард, то масъалаҳои мубрами амниятиро баррасӣ кунанд.
Русия эълон кард, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар уқёнуси ҷаҳонӣ машқҳои густурдае бо иштироки тамоми флотҳо баргузор мекунад.
Ҳеҷ кас намедонад, ки Русия чӣ қадар имкони итминони дипломатӣ ва маҷбурии низомии "шариконро" ба сулҳ дорад, аммо Кремл беҳуда ҳарф намезанад.
Лоиҳаи шартномаи сулҳ бо шартҳои Русия, новобаста аз муқовимати Иёлоти Муттаҳида ва НАТО зарурати эътирофшуда ва имкони технологӣ барои расидан ба ин ё он ҳадаф аст.
Харакати бисёртарафаи ҳарбию сиёсии ФР бо ёрии иттифоқчиён самарабахштар мегардад.
Ба ин тартиб дар остонаи машқҳои муштараки "Иттиҳодиён, тасмим бигиред-2022" Беларус шумори қобили мулоҳизаи нерӯҳо ва аслиҳаи Русияро дар қаламрави худ мустақар мекунад.
Президент Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
“Комёбии мавқеи Русия”: коршинос дар бораи гуфтаҳои Байден дар бораи амнияти киберӣ
Минск ба "ханҷари дуввум" дар қалби НАТО табдил мешавад - дивизияҳои системаҳои зиддиҳавоии С-400 "Триумф" ва системаҳои зиддиҳавоии "Пантсир-С", КТРК "Искандар-М" ба Беларус мераванд, 12 ҷангандаи вазнини Су-35С болои он парвоз мекунад.
Ин машқҳо алайҳи таҷовузи берунӣ сурат мегиранд.
Амалиёти амалии қӯшунҳои полигонҳои Домановский, Обуз-Лесновский, Гожский, Брестский, Осиповичский, аэродромҳои Барановичи, Мачулиши, Лунинетс ва Лидаро дар 10—20 феврал фаро мегирад.
Ва ин намоиши софдилонаи бартарии куллии харбҳ дар театри аврупоии амалиёти давлатҳои иттифоқӣ бар "даста"-и пароканда ва рангоранги НАТО мебошад.
Вариантҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳампаймон дар наздикии қитъаи ИМА як масъалаи ҷудогона аст, аммо ифшои маълумот дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар Венесуэла ва истиқрори киштиҳои зериобии ҳастаии нерӯи дарёии Русия дар Куба тасодуфӣ ба назар намерасад.
Дар шароити нооромиҳои ҷаҳонӣ, амрикоиҳо талош доранд, музокироти амниятии Венаро кашол дода, мазмуни онро тағйир диҳанд.
“The Atlantico” пешгӯии ғамангезеро мунташир кард: "Ғарб таҳти роҳбарии Амрико ... ба таври ҷуброннопазир ба сӯи худкушии геополитикӣ меравад. Инкор кардани воқеияти таърихию ҷуғрофӣ ва нафрат нисбат ба манфиатҳои дигар бозигарон танҳо ба мукобили худ истифода мешавад”. Ба ин чизи дигаре илова кардан душвор аст.
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
"Маскав дигар наметавонад таҳаммул кунад": Песков аз вуруди НАТО ба Украина гуфт
Константин Гаврилов, раиси ҳайати Русия дар музокироти Вена 23 январ гуфт, Русия мунтазири посухи Амрико ва НАТО ба пешниҳодҳои амниятии худ ба муддати тӯлонӣ нахоҳад буд ва агар Ғарб талабҳои Маскавро нодида бигирад, Русия аз амнияти худ дар Аврупо ҳимоят хоҳад кард.
Қаблан муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков таъкид карда буд, ки агар Маскав аз вокуниши Ғарб ба кафолатҳои амниятӣ ноумед шавад, бояд тасмимҳои ҷиддии сиёсӣ қабул кунад. Ва ин ҳама сухани пӯч нестанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0