https://sputnik.tj/20220418/putin-tahluka-talabot-mahsulot-etidol-1047751417.html
Президенти Русия: Вазъ дар бозор баъди таҳлукаи кӯтоҳ ба эътидол омад
Президенти Русия: Вазъ дар бозор баъди таҳлукаи кӯтоҳ ба эътидол омад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати кишварҳои ғарбӣ барои барҳам задани иқтисоди ФР аз тариқи таҳримоти бесобиқа аллакай корношоямии худро нишон дод
2022-04-18T19:40+0500
2022-04-18T19:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
иқтисод
бозор
низом
бонк
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042680336_414:433:1920:1280_1920x0_80_0_0_cda3751281fffe6df590af9054e79877.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Талабот ба бархе аз номгӯи маҳсулот дар Русия баъди таҳлукаи кӯтоҳмуддат ба эътидол омад. Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар баён дошт. Ӯ ҳамчунин аз масъулини Бонки марказӣ ва ҳукумат хост, дар бораи чораҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи русиягиҳо ҳисобот диҳанд. Путин пешниҳоди чораҳоеро талаб кард, ки аз раванди манфии авзоъ ва бад шудани ҳоли ширкату корхонаҳо ва шаҳрвандон пешгирӣ намоянд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия дар қиболи кишварҳои ғарбӣ барои бо истифода аз таҳримот барҳам задани низоми бонкӣ ва камбуди мол дар мағозаҳо истодагарӣ карда тавонист. "Рӯшан аст, ки таҳримот омили манфӣ барои иқтисодиёт шуданд. Қасд доштанд, вазъи иқтисодию молиявиро хароб кунанд, низоми бонкиро ба ҳам зананд, воҳима дар бозорро ба вуҷуд оранд", - афзуд ӯ. Путин таъкид кард, ки аллакай бо қотеият метавон гуфт, ки чунин сиёсат алайҳи Русия коромад нашуд. Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.
https://sputnik.tj/20220418/rusiya-ghayrinizomisozi-ukraina-1047726637.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042680336_647:325:1920:1280_1920x0_80_0_0_7726f48614876f869ad8705ee54f5324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, вазъ, бозор, эътидол
путин, вазъ, бозор, эътидол
Президенти Русия: Вазъ дар бозор баъди таҳлукаи кӯтоҳ ба эътидол омад
19:40 18.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати кишварҳои ғарбӣ барои барҳам задани иқтисоди ФР аз тариқи таҳримоти бесобиқа аллакай корношоямии худро нишон дод
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Талабот ба бархе аз номгӯи маҳсулот дар Русия баъди таҳлукаи кӯтоҳмуддат ба эътидол омад.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар баён дошт.
"Бозори истеъмолӣ баъди таҳлукаи кӯтоҳе атрофи бархе аз намудҳои мол ба эътидол омад. Ин дар ҳолатҳое, ки феълан ҷой дорад, ҳамеша рух медиҳад. Талаботи чакана муътадил шуд", - изҳор дошт президент.
Ӯ ҳамчунин аз масъулини Бонки марказӣ ва ҳукумат хост, дар бораи чораҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи русиягиҳо ҳисобот диҳанд. Путин пешниҳоди чораҳоеро талаб кард, ки аз раванди манфии авзоъ ва бад шудани ҳоли ширкату корхонаҳо ва шаҳрвандон пешгирӣ намоянд.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия дар қиболи кишварҳои ғарбӣ барои бо истифода аз таҳримот барҳам задани низоми бонкӣ ва камбуди мол дар мағозаҳо истодагарӣ карда тавонист.
"Рӯшан аст, ки таҳримот омили манфӣ барои иқтисодиёт шуданд. Қасд доштанд, вазъи иқтисодию молиявиро хароб кунанд, низоми бонкиро ба ҳам зананд, воҳима дар бозорро ба вуҷуд оранд", - афзуд ӯ.
Путин таъкид кард, ки аллакай бо қотеият метавон гуфт, ки чунин сиёсат алайҳи Русия коромад нашуд.
Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.