https://sputnik.tj/20220418/rusiya-ghayrinizomisozi-ukraina-1047726637.html
Коршинос: Русия нақша надорад, ки ғайринизомисозии Украинаро солҳо идома диҳад
Коршинос: Русия нақша надорад, ки ғайринизомисозии Украинаро солҳо идома диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Балбек ба суханони Зеленский дар бораи омодагӣ ба муқовимати тӯлонӣ вокуниш нишон дода, дар бораи нақшаи ғайринизомисозии Украина аз ҷониби Русия суҳбат кард
2022-04-18T09:35+0500
2022-04-18T09:35+0500
2022-04-18T11:54+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёти вижа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047499904_0:244:2767:1800_1920x0_80_0_0_b8f6a842f0b1bcd91980972334632c75.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Коршиноси сиёсии Қрим Руслан Балбек гуфт, Русия амалиёти вижаро солҳои тӯлонӣ дар Украина анҷом намедиҳад. Вай ба изҳороти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо CNN, ки Украина омодааст, "барои даҳ сол мубориза барад", чунин посух дод.Ба Украина ҳамчунон маблағгузории ҷиддиро кишварҳои аврупоӣ идома медиҳанд, пуштибонии онҳо танҳо пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки ба нерӯҳои украинӣ ба маблағи 600 миллион евро кумак расонад. Дар нишасти Версал раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел пешниҳод кард, ки барои муқовимат бо Русия ба Киев 500 миллион еврои дигар ҷудо шавад. Аммо Киев пайваста эълом мекунад, ки гӯё ИА "кӯмаки кофӣ намекунад".Вай афзуд, таъмини аслиҳа ҳам раҳбари Украинаро наҷот дода наметавонад, зеро ба ҳар ҳол миллатгароӣ дар Украина нобуд хоҳад шуд. "Аммо ӯ метавонад дар мусоҳибаҳо ё ёддоштҳояш бо мо биҷангад, аммо ин як ҷанги дигар аст, бидуни маргу тирпаронӣ", - қайд кард коршинос.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220417/erdughon-rusiya-garavgon-masjidi-mariupol-1047719544.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047499904_38:0:2767:2047_1920x0_80_0_0_12237cd79df45498b181a2052f98b00f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия ғайринизомисозӣ украина
русия ғайринизомисозӣ украина
Коршинос: Русия нақша надорад, ки ғайринизомисозии Украинаро солҳо идома диҳад
09:35 18.04.2022 (Навсозишуда: 11:54 18.04.2022) Коршинос Балбек ба суханони Зеленский дар бораи омодагӣ ба муқовимати тӯлонӣ вокуниш нишон дода, ҷиҳати нақшаи ғайринизомисозии Украина аз ҷониби Русия суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Коршиноси сиёсии Қрим Руслан Балбек гуфт, Русия амалиёти вижаро солҳои тӯлонӣ дар Украина анҷом намедиҳад.
Вай ба изҳороти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо CNN, ки Украина омодааст, "барои даҳ сол мубориза барад", чунин посух дод.
"Ба фарқ аз Зеленский, мо нақша надорем, ки ғайринизомисозии Украинаро 10 сол идома диҳем", - гуфт Балбек.
Ба Украина ҳамчунон маблағгузории ҷиддиро кишварҳои аврупоӣ идома медиҳанд, пуштибонии онҳо танҳо пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки ба нерӯҳои украинӣ ба маблағи 600 миллион евро кумак расонад.
Дар нишасти Версал раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел пешниҳод кард, ки барои муқовимат бо Русия ба Киев 500 миллион еврои дигар ҷудо шавад. Аммо Киев пайваста эълом мекунад, ки гӯё ИА "кӯмаки кофӣ намекунад".
"Барои ӯ, албатта, ҳар қадар тӯлонӣ бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Ман ҳайрон намешавам, ки агар президенти Украина дар пули интиқоли силоҳи ғарбӣ "шарик" бошад. Дар ин ҳолат Владимир Зеленский омодааст, ки то пиронсолӣ мубориза барад. Аммо ин тавр нахоҳад шуд", — гуфт Балбек.
Вай афзуд, таъмини аслиҳа ҳам раҳбари Украинаро наҷот дода наметавонад, зеро ба ҳар ҳол миллатгароӣ дар Украина нобуд хоҳад шуд.
"Аммо ӯ метавонад дар мусоҳибаҳо ё ёддоштҳояш бо мо биҷангад, аммо ин як ҷанги дигар аст, бидуни маргу тирпаронӣ", - қайд кард коршинос.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.