https://sputnik.tj/20220418/nurullo-mahmadullozoda-barnomasoz-niyoz-dorem-1047739978.html
Нурулло Маҳмадуллозода: Ба барномасоз ниёз дорем
Нурулло Маҳмадуллозода: Ба барномасоз ниёз дорем
Sputnik Тоҷикистон
Пандемия ба бахши шуғли Тоҷикистон чандон зарари сахт нарасондааст, аммо нафароне, ки дар ин муддат кори худро аз даст доданд, ҳоло метавонанд дар беш аз 40 бахш шуғлии ниёзманди корманд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд
2022-04-18T15:40+0500
2022-04-18T15:40+0500
2022-04-18T17:15+0500
дар тоҷикистон
кӯдакон
меҳнат
агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
муовини вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047670347_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ba6d40f0a4ea796d47cb69526a42f67b.jpg
Муҳоҷират, бекорӣ ва нафақаи кам солҳост, ки ба як мушкилии бузурге дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.Коронавирус, ки тӯли ду сол идома дошт, рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро суст кард. Ҳарчанд коршиносон ваъда медиҳанд, ки вазъ дар соли равон рӯ ба беҳбудӣ миёрад, барқарории иқтисод ба далели ногувории вазъи бозори меҳнат ва такрори хавфҳои заиф шудани рушди иқтисод тӯлонӣ ва мушкил хоҳад буд.Дар мусоҳибо бо Sputnik Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи вазъи бозори меҳнат пас аз пандемия ва мубориза бо меҳнати кӯдакон изҳори назар кард.- Нурулло Раҳматулло, тайи ду соли охир коронавирус мушкилоти бозорҳои меҳнати тамоми кишварҳои ҷаҳонро ошкор кард. Фаъолияти корхонаҳои хурду калон қатъ гардид, марказҳои савдо ва тарабхонаҳо баста шуданд, шумораи кормандон кам карда шуд. Бо бозори меҳнати Тоҷикистон чӣ таъсир расид?Пандемияи COVID-19, албатта, ба вазъи бозори меҳнати Тоҷикистон низ таъсир расонд, аммо ба шарофати дастгирии саривақтии ҳукумат иқтисодиёти кишвар суръати афзоишашро нигоҳ дошт, гарчанде ки нисбат ба давраи пеш аз пандемия камтар аст.- Кадом бахши иқтисод дар давраи пандемия бештар зарар дид?- Асосан таъсири коронавирус дар бахши хидматрасонӣ бештар ба назар мерасид, вале дар ин давра аз ихтисори оммавии кормандони корхонаву ташкилотҳо пешгирӣ карда шуд.- Новобаста аз ин ширкатҳо баста шуданд?... Мақомот нафаронеро, ки бекор монданд, чӣ гуна дастгирӣ мекунанд?- Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати қатъи фаъолияти корхона, нахуст вазоратро аз теъдоди нафарони ихтисоршуда огоҳ мекунанд. Сипас коргарони аз вазифа озодшуда ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба мақомоти маҳаллии шуғли аҳолӣ ба хотири гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ муроҷиат намоянд.Ғайр аз ин мо барои бозомузӣ ё такмили ихтисоси шаҳрвандоне, ки бекор монданд, чора меандешем, то дар оянда онҳоро ба кор таъмин намоем.- Соли гузашта чанд кас кӯмакпулӣ барои бекорӣ гирифт?- Дар соли 2021 хадамоти шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекор 12 ҳазору 899 кӯмакпулӣ, барои бекорӣ ба маблағи 7,59 миллион сомонӣ (қариб 607 ҳазор доллар) таъйин ва пардохт кардааст. Ғайр аз нафароне, ки бекор монданд, аз чунин кӯмакпулиҳо метавонанд бознишастагон, ҷавонони бекор ва занон низ бархурдор бошанд.— Баъзан одамоне, ки аз кор рафтаанд, кӯшиш мекунанд, ки дар касбу кори дигар пайдо кунанд. Имрӯз кишвар ба кадом мутахассисон ниёз дорад?— Айни замон кишвар дар 40 касб ниёз ба мутахассис дорад ва бештар ба технологҳо талабот зиёд аст.Барои мисол, кишвар ба муҳандисони коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти чарм, барномасоз ниёз дорад. Дар кишвар норасоии муҳандисони системаҳои амниятӣ дар технологияи IT ва соҳаи системаҳои роботӣ вуҷуд дорад. Мо инчунин ба маркетолог ва эколог дар соҳаи сохтмон ниёз дорем. Ҳамчунин норасои мутахассисон дар соҳаи нанотехнологӣ, биотехнологӣ низ эҳсос мешавад.- Дар Тоҷикистон низ мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ тамоюле вуҷуд дорад: нафаре, ки соҳиби маълумоти олӣ мешавад, баъдан ба хориҷа барои кор меравад. Нурулло Раҳматулло, вазорат чӣ тадбирҳо меандешад, то мутахассисон ба нафъи Ватани худ кор кунанд?- Барои ниҳоди мо таъсиси ҷойҳои кори нав бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор афзалият дорад. Ин омили асосии истифодаи қувваи корӣ дар дохили кишвар мебошад.Масалан, дар соли гузашта беш аз 189 ҳазор ҷойҳои нави кор: беш аз 115,3 ҳазор дар бахши воқеии иқтисодиёт ва 73,8 ҳазор дар бахши хидматрасонӣ таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдода қариб 70,3 ҳазор ҷои кор доимӣ мебошад.Барои осон кардани интихоби сокинон дар кишвар пойгоҳи миллии ҷойҳои кори холӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мавҷуд аст.- Тибқи маълумоти Агентии омор, дар Тоҷикистон беш аз 9,8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Умуман аҳолии кишвар пир ё ҷавон мешавад?— Дар Тоҷикистон тамоюли синни мутавассит дар ҳоли афзудан аст. Синну соли миёна дар 10 соли охир аз 25 ба 26,7 сол расидааст.- Имрӯз дар Тоҷикистон шумори нафақахӯрон ба чанд нафар расидааст? Агар шумораи аҳолии кишвар зиёд шавад, шумораи онҳо низ меафзояд?- Дар давоми 5 соли охир шумораи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 13,5 фоиз афзуда, ба ҳолати январи соли 2022 шумораи онҳо аз 729 ҳазор нафар ҳам гузашт. Ҳоло ба як нафақагир 3,4 нафар корманд ва 1,7 нафар коргари кироя рост меояд.- Яке аз мавзуъҳои мушкил дар Тоҷикистон меҳнати кӯдакон аст. Аксари вақт ҳодисаҳое мушоҳида мешавад, ки бачаҳо ба мактаб намераванду дар бозору саҳро ба падару модарашон ёрӣ мерасонанд. Ин раванд чӣ гуна танзим мешавад?- Дар Тоҷикистон мушкилоти меҳнати кӯдакон ва решакан кардани шаклҳои он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ қарор дорад.Вазорати меҳнат дар доираи татбиқи “Барномаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” барои васеъ намудани пойгоҳи қонунгузорӣ, таҳлилӣ, тадқиқотӣ ва иттилоотии худ тадбирҳо меандешад.Ба вазъияти ҳозираи таълиму тарбияи бачагон, хусусан духтарон, ба ҷалби атфол ба кор пеш аз ба синни корӣ расидани онҳо, масоили ҷазби кӯдакон ба кор дар бахши кишоварзӣ ва хочагӣ диққати хос дода мешавад.Ғайр аз ин ба оилаҳо барои дарёфти даромади иловагӣ системаи ҳифзи иҷтимоӣ ташкил карда мешавад, ки ба кудакон барои гирифтани маълумоти миёнаи мусоидат мекунад.- Оё дар Тоҷикистон омор дар мавриди истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон вуҷуд дорад?— Бале, дар ҷумҳурӣ омор дар бораи меҳнати кудакон вуҷуд дорад. Агентии омори Тоҷикистон давра ба давра маълумотро таҷдид ва пурра мекунад. Натиҷаҳои охирини тадқиқоти қувваи корӣ (ОРС) дар соли 2016 пешниҳод шуда буд. Тибқи омор, шумори кӯдакони ба кор ҷалбшуда нисбат ба соли 2012 10 дарсад коҳиш ёфтааст.- Бо истифода аз кадоим усул Тоҷикистон тавонист сатҳи меҳнати кӯдаконро коҳиш диҳад?- Механизми асосӣ системаи мониторинги меҳнати кӯдакон мебошад. Ин модел самаранокии худро дар шароити феълии Тоҷикистон исбот кард. Ҳадафи асосии он озод намудани кӯдакон аз муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Инчунин дар доираи он иқдомоте барои пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба шакли бадтарини меҳнат таҳия шудаанд.Модели системаи мониторинги меҳнати кӯдакон, ки дар Тоҷикистон таҳия шудааст, аз ду сатҳ иборат аст: миллӣ ва маҳаллӣ (вилоят, ноҳия, шаҳр, ҷамоат).Корҳое дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи меҳнати кӯдакон ва оқибатҳои манфии он, расонидани ёрии аввалин ва хидматрасонии зарурӣ, машваратҳо ба волидайни кӯдакон, дастрасӣ ба касбомӯзӣ амалӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20220412/vazorat-mehnat-maoshi-tojikistoniyon-ziyod-1047577155.html
https://sputnik.tj/20220406/tedod-daqiq-nafaqakhuron-tojikiston-1047412524.html
https://sputnik.tj/20220216/maqomoti-sugd-maktab-holati-sadamavi-1045938331.html
https://sputnik.tj/20220220/kudakoni-khatlon-kudakiston-nameravand-1046069061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047670347_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_bb48475ae952543c815b67db95f6aa08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати меҳнат, муовини вазир, барномасоз, шуғл, кӯдакон, тоҷикистон, нурулло маҳмадулло
вазорати меҳнат, муовини вазир, барномасоз, шуғл, кӯдакон, тоҷикистон, нурулло маҳмадулло
Нурулло Маҳмадуллозода: Ба барномасоз ниёз дорем
15:40 18.04.2022 (Навсозишуда: 17:15 18.04.2022) Эксклюзив
Пандемия ба бахши шуғли Тоҷикистон чандон зарар нарасонд, аммо нафароне, ки дар ин муддат бекор монданд, метавонанд дар 40 соҳаи ниёзманди корманд кор кунанд
Муҳоҷират, бекорӣ ва нафақаи кам солҳост, ки ба як мушкилии бузурге дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Коронавирус, ки тӯли ду сол идома дошт, рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро суст кард. Ҳарчанд коршиносон ваъда медиҳанд, ки вазъ дар соли равон рӯ ба беҳбудӣ миёрад, барқарории иқтисод ба далели ногувории вазъи бозори меҳнат ва такрори хавфҳои заиф шудани рушди иқтисод тӯлонӣ ва мушкил хоҳад буд.
Дар мусоҳибо бо Sputnik Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи вазъи бозори меҳнат пас аз пандемия ва мубориза бо меҳнати кӯдакон изҳори назар кард.
- Нурулло Раҳматулло, тайи ду соли охир коронавирус мушкилоти бозорҳои меҳнати тамоми кишварҳои ҷаҳонро ошкор кард. Фаъолияти корхонаҳои хурду калон қатъ гардид, марказҳои савдо ва тарабхонаҳо баста шуданд, шумораи кормандон кам карда шуд. Бо бозори меҳнати Тоҷикистон чӣ таъсир расид?
Пандемияи COVID-19, албатта, ба вазъи бозори меҳнати Тоҷикистон низ таъсир расонд, аммо ба шарофати дастгирии саривақтии ҳукумат иқтисодиёти кишвар суръати афзоишашро нигоҳ дошт, гарчанде ки нисбат ба давраи пеш аз пандемия камтар аст.
- Кадом бахши иқтисод дар давраи пандемия бештар зарар дид?
- Асосан таъсири коронавирус дар бахши хидматрасонӣ бештар ба назар мерасид, вале дар ин давра аз ихтисори оммавии кормандони корхонаву ташкилотҳо пешгирӣ карда шуд.
- Новобаста аз ин ширкатҳо баста шуданд?... Мақомот нафаронеро, ки бекор монданд, чӣ гуна дастгирӣ мекунанд?
- Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати қатъи фаъолияти корхона, нахуст вазоратро аз теъдоди нафарони ихтисоршуда огоҳ мекунанд. Сипас коргарони аз вазифа озодшуда ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба мақомоти маҳаллии шуғли аҳолӣ ба хотири гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ муроҷиат намоянд.
Ғайр аз ин мо барои бозомузӣ ё такмили ихтисоси шаҳрвандоне, ки бекор монданд, чора меандешем, то дар оянда онҳоро ба кор таъмин намоем.
- Соли гузашта чанд кас кӯмакпулӣ барои бекорӣ гирифт?
- Дар соли 2021 хадамоти шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекор 12 ҳазору 899 кӯмакпулӣ, барои бекорӣ ба маблағи 7,59 миллион сомонӣ (қариб 607 ҳазор доллар) таъйин ва пардохт кардааст. Ғайр аз нафароне, ки бекор монданд, аз чунин кӯмакпулиҳо метавонанд бознишастагон, ҷавонони бекор ва занон низ бархурдор бошанд.
— Баъзан одамоне, ки аз кор рафтаанд, кӯшиш мекунанд, ки дар касбу кори дигар пайдо кунанд. Имрӯз кишвар ба кадом мутахассисон ниёз дорад?
— Айни замон кишвар дар 40 касб ниёз ба мутахассис дорад ва бештар ба технологҳо талабот зиёд аст.
Барои мисол, кишвар ба муҳандисони коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти чарм, барномасоз ниёз дорад. Дар кишвар норасоии муҳандисони системаҳои амниятӣ дар технологияи IT ва соҳаи системаҳои роботӣ вуҷуд дорад. Мо инчунин ба маркетолог ва эколог дар соҳаи сохтмон ниёз дорем. Ҳамчунин норасои мутахассисон дар соҳаи нанотехнологӣ, биотехнологӣ низ эҳсос мешавад.
- Дар Тоҷикистон низ мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ тамоюле вуҷуд дорад: нафаре, ки соҳиби маълумоти олӣ мешавад, баъдан ба хориҷа барои кор меравад. Нурулло Раҳматулло, вазорат чӣ тадбирҳо меандешад, то мутахассисон ба нафъи Ватани худ кор кунанд?
- Барои ниҳоди мо таъсиси ҷойҳои кори нав бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор афзалият дорад. Ин омили асосии истифодаи қувваи корӣ дар дохили кишвар мебошад.
Масалан, дар соли гузашта беш аз 189 ҳазор ҷойҳои нави кор: беш аз 115,3 ҳазор дар бахши воқеии иқтисодиёт ва 73,8 ҳазор дар бахши хидматрасонӣ таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдода қариб 70,3 ҳазор ҷои кор доимӣ мебошад.
Барои осон кардани интихоби сокинон дар кишвар пойгоҳи миллии ҷойҳои кори холӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мавҷуд аст.
- Тибқи маълумоти Агентии омор, дар Тоҷикистон беш аз 9,8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Умуман аҳолии кишвар пир ё ҷавон мешавад?
— Дар Тоҷикистон тамоюли синни мутавассит дар ҳоли афзудан аст. Синну соли миёна дар 10 соли охир аз 25 ба 26,7 сол расидааст.
- Имрӯз дар Тоҷикистон шумори нафақахӯрон ба чанд нафар расидааст? Агар шумораи аҳолии кишвар зиёд шавад, шумораи онҳо низ меафзояд?
- Дар давоми 5 соли охир шумораи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 13,5 фоиз афзуда, ба ҳолати январи соли 2022 шумораи онҳо аз 729 ҳазор нафар ҳам гузашт. Ҳоло ба як нафақагир 3,4 нафар корманд ва 1,7 нафар коргари кироя рост меояд.
- Яке аз мавзуъҳои мушкил дар Тоҷикистон меҳнати кӯдакон аст. Аксари вақт ҳодисаҳое мушоҳида мешавад, ки бачаҳо ба мактаб намераванду дар бозору саҳро ба падару модарашон ёрӣ мерасонанд. Ин раванд чӣ гуна танзим мешавад?
- Дар Тоҷикистон мушкилоти меҳнати кӯдакон ва решакан кардани шаклҳои он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ қарор дорад.
Вазорати меҳнат дар доираи татбиқи “Барномаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” барои васеъ намудани пойгоҳи қонунгузорӣ, таҳлилӣ, тадқиқотӣ ва иттилоотии худ тадбирҳо меандешад.
Ба вазъияти ҳозираи таълиму тарбияи бачагон, хусусан духтарон, ба ҷалби атфол ба кор пеш аз ба синни корӣ расидани онҳо, масоили ҷазби кӯдакон ба кор дар бахши кишоварзӣ ва хочагӣ диққати хос дода мешавад.
Ғайр аз ин ба оилаҳо барои дарёфти даромади иловагӣ системаи ҳифзи иҷтимоӣ ташкил карда мешавад, ки ба кудакон барои гирифтани маълумоти миёнаи мусоидат мекунад.
- Оё дар Тоҷикистон омор дар мавриди истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон вуҷуд дорад?
— Бале, дар ҷумҳурӣ омор дар бораи меҳнати кудакон вуҷуд дорад. Агентии омори Тоҷикистон давра ба давра маълумотро таҷдид ва пурра мекунад. Натиҷаҳои охирини тадқиқоти қувваи корӣ (ОРС) дар соли 2016 пешниҳод шуда буд. Тибқи омор, шумори кӯдакони ба кор ҷалбшуда нисбат ба соли 2012 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
- Бо истифода аз кадоим усул Тоҷикистон тавонист сатҳи меҳнати кӯдаконро коҳиш диҳад?
- Механизми асосӣ системаи мониторинги меҳнати кӯдакон мебошад. Ин модел самаранокии худро дар шароити феълии Тоҷикистон исбот кард. Ҳадафи асосии он озод намудани кӯдакон аз муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Инчунин дар доираи он иқдомоте барои пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба шакли бадтарини меҳнат таҳия шудаанд.
Модели системаи мониторинги меҳнати кӯдакон, ки дар Тоҷикистон таҳия шудааст, аз ду сатҳ иборат аст: миллӣ ва маҳаллӣ (вилоят, ноҳия, шаҳр, ҷамоат).
Корҳое дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи меҳнати кӯдакон ва оқибатҳои манфии он, расонидани ёрии аввалин ва хидматрасонии зарурӣ, машваратҳо ба волидайни кӯдакон, дастрасӣ ба касбомӯзӣ амалӣ мешаванд.