https://sputnik.tj/20220412/vazorat-mehnat-maoshi-tojikistoniyon-ziyod-1047577155.html
Вазорати меҳнат гуфт, маоши миёнаи тоҷикистониён 12 фисад зиёд шудааст
Вазорати меҳнат гуфт, маоши миёнаи тоҷикистониён 12 фисад зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши музди миёнаи моҳона дар ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 12 фоизро ташкил дод.
2022-04-12T18:20+0500
2022-04-12T18:20+0500
2022-04-12T18:40+0500
болоравии маош
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи музди меҳнат афзоиш ёфтааст. Чунин маълумотро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни ҳисобот аз натоиҷи семоҳаи аввали соли 2022 пешниҳод кардааст. Ба ин тартиб, тибқи гузоришҳои хадамоти марбути ин ниҳод, дар Тоҷикистон маоши миёна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба ҳолати 1 феврали соли 2022 маоши миёна дар ҷумҳурӣ 1,6 ҳазор сомониро (ҳудуди 125 доллар) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 173,8 сомонӣ ё 12% зиёд аст. Вазора мегӯяд, дар ин давра шумораи умумии коргарон дар миқёси ҷумҳурӣ 1 миллиону 229 ҳазору 695 нафарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 (1215909 нафар буд) 13786 нафар ё 0,6 фоиз зиёд мебошад.Шумораи кормандони дар давраи ҳисоботи бақайдгирифта бошад, 643933 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 (629804 нафар буд) 14129 нафар ё 2,2 фоиз зиёд гардидааст.Ёдовар мешавем, ки маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомониро ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар авоили моҳи январ фармонеро дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандон ба имзо расонд. Хаҷми пардохт дар баъзе навоҳӣ 25 фоиз афзуд. Инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ҳарбӣ 20% индексатсия карда шуданд. Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз ҳама пастарин дар кишвар гуфта мешавад. Музди меҳнати онҳо 691 сомонӣ (53 доллар) будааст. Маоши баландтарин - беш аз 4000 сомонӣ (323 доллар)-ро кормандони бонк мегирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220401/tojikiston-maosh-kishovarz-jangalbon-1047279340.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат меҳнат маош тоҷикистониён зиёд
вазорат меҳнат маош тоҷикистониён зиёд
Вазорати меҳнат гуфт, маоши миёнаи тоҷикистониён 12 фисад зиёд шудааст
18:20 12.04.2022 (Навсозишуда: 18:40 12.04.2022) Афзоиши музди миёнаи моҳона дар ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 12 фоизро ташкил дод.
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи музди меҳнат афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни ҳисобот аз натоиҷи семоҳаи аввали соли 2022 пешниҳод кардааст.
Ба ин тартиб, тибқи гузоришҳои хадамоти марбути ин ниҳод, дар Тоҷикистон маоши миёна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба ҳолати 1 феврали соли 2022 маоши миёна дар ҷумҳурӣ 1,6 ҳазор сомониро (ҳудуди 125 доллар) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 173,8 сомонӣ ё 12% зиёд аст.
Вазора мегӯяд, дар ин давра шумораи умумии коргарон дар миқёси ҷумҳурӣ 1 миллиону 229 ҳазору 695 нафарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 (1215909 нафар буд) 13786 нафар ё 0,6 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи кормандони дар давраи ҳисоботи бақайдгирифта бошад, 643933 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 (629804 нафар буд) 14129 нафар ё 2,2 фоиз зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомониро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар авоили моҳи январ фармонеро дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандон ба имзо расонд.
Хаҷми пардохт дар баъзе навоҳӣ 25 фоиз афзуд. Инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ҳарбӣ 20% индексатсия карда шуданд.
Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз ҳама пастарин дар кишвар гуфта мешавад. Музди меҳнати онҳо 691 сомонӣ (53 доллар) будааст.
Маоши баландтарин - беш аз 4000 сомонӣ (323 доллар)-ро кормандони бонк мегирифтаанд.