https://sputnik.tj/20220220/kudakoni-khatlon-kudakiston-nameravand-1046069061.html
Наздик ба 90 дарсади кӯдакони Хатлон ба кӯдакистонҳо намераванд
Наздик ба 90 дарсади кӯдакони Хатлон ба кӯдакистонҳо намераванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст,ки дар вилоят ҳамагӣ 10,2 дарсади кӯдакон ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдакон фаро гирифта шудаанд
2022-02-20T15:40+0500
2022-02-20T15:40+0500
2022-02-21T16:43+0500
дар тоҷикистон
кӯдакон
кӯдакистон
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031825614_0:77:3077:1807_1920x0_80_0_0_0ad5e03001c33651dc8401a65847ef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Олими Ашӯралӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ахиран гуфт, айни замон дар вилояти Хатлон шумораи кӯдакони аз 3 то 6-сола 408 ҳазору 444 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо ҳамагӣ 41 ҳазору 767 нафарашон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон мераванд.Ба гуфтаи вай, ҳамагӣ 10,2 дарсади кӯдакони имкони рафтан ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдаконро доранд.Ин шахси масъул афзуд, ки дар шаҳри Бохтар 22 дарсад, Носири Хусрав ва Шаҳритӯс 16 дарсад, Темурмалик 15 дарсад, Левакант ва Восеъ 14 дарсад, Норак 13 дарсад, Кӯлоб, Фархор, Данғара 12 дарсад, Вахш, Муъминобод, Панҷ 11 дарсад, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ 10 дарсад, Ховалинг 9 дарсад, Кӯшониён 8 дарсад, Қубодиён 7 дарсад, Дӯстӣ 5 дарсади атфол аз кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак баҳрабардорӣ мекунанд ва дар ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷомӣ ҳамагӣ 3 дарсади кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишфои кӯдак ҷалб шудаанд, ки ин кофӣ нест.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 159 муассисаи томактабӣ ва 850 маркази инкишфои кӯдакон фаъолият мекунанд.Ёдовар меавем, чанде пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни нишасти матуботиаш иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ноҳияҳои Балхӣ, Ёвон, Восеъ чанд муассисаи хусусии томактабӣ ва 24 маркази рушди кӯдак зиёд гардида, 2 ҳазору 925 нафар бар атфоле, ки аз ин марокиз истифода мекунанд, афзуд.Раиси вилоят низ тасдиқ кард, ки теъдоди хеле ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди атфол мераванд.
https://sputnik.tj/20220207/chiguna-kudakon-durughgu-1045583473.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031825614_65:0:2794:2047_1920x0_80_0_0_cb83600d40af8b0f0afe2c410284aeeb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯдак, кӯдакистон, хатлон,
тоҷикистон, кӯдак, кӯдакистон, хатлон,
Наздик ба 90 дарсади кӯдакони Хатлон ба кӯдакистонҳо намераванд
15:40 20.02.2022 (Навсозишуда: 16:43 21.02.2022) Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки дар вилоят ҳамагӣ 10,2 дарсади кӯдакон ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдакон мераванд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Олими Ашӯралӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ахиран гуфт, айни замон дар вилояти Хатлон шумораи кӯдакони аз 3 то 6-сола 408 ҳазору 444 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо ҳамагӣ 41 ҳазору 767 нафарашон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон мераванд.
Ба гуфтаи вай, ҳамагӣ 10,2 дарсади кӯдакони имкони рафтан ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдаконро доранд.
Ин шахси масъул афзуд, ки дар шаҳри Бохтар 22 дарсад, Носири Хусрав ва Шаҳритӯс 16 дарсад, Темурмалик 15 дарсад, Левакант ва Восеъ 14 дарсад, Норак 13 дарсад, Кӯлоб, Фархор, Данғара 12 дарсад, Вахш, Муъминобод, Панҷ 11 дарсад, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ 10 дарсад, Ховалинг 9 дарсад, Кӯшониён 8 дарсад, Қубодиён 7 дарсад, Дӯстӣ 5 дарсади атфол аз кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак баҳрабардорӣ мекунанд ва дар ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷомӣ ҳамагӣ 3 дарсади кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишфои кӯдак ҷалб шудаанд, ки ин кофӣ нест.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 159 муассисаи томактабӣ ва 850 маркази инкишфои кӯдакон фаъолият мекунанд.
Ёдовар меавем, чанде пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни нишасти матуботиаш иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ноҳияҳои Балхӣ, Ёвон, Восеъ чанд муассисаи хусусии томактабӣ ва 24 маркази рушди кӯдак зиёд гардида, 2 ҳазору 925 нафар бар атфоле, ки аз ин марокиз истифода мекунанд, афзуд.
Раиси вилоят низ тасдиқ кард, ки теъдоди хеле ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди атфол мераванд.